Ҷавонон ба қадри Тоҷикистон бояд расид!

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки Бадахшонро танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин тадбири дурбинонаи худ ба Бадахшони воқеи ба сарзамини зарзамини Бадахшон, ба минтақаи тамошобоби ҳазорон сайёҳон мубаддал сохтанд Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати кӯҳиву экологӣ ва табобатӣ минтақаи беҳтарин мебошад. Беҳуда нест, ки соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори cеюм ба рӯйхати “100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардиданд. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ва хусусан, дар зарфи солҳои охир дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

 Барои пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо ҷавонони оқилу доно, зираку ҳушёр, ватанпарвар, соҳибмаълумот, бо иродаи мустаҳкам, ба ватану кишвар содиқ  ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ тавонову пурқудрат лозиманд. Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Вазифаи мо мардуми халқи тоҷик аз он иборат аст, ки ба хотири расидан ба дастоварду пешравиҳои боз ҳам бештар кӯшиш кунем ва ватанамонро ободу давлатамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободу осуда ва тараққикардаро ба мерос гузорем. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз гӯшаҳои воқеан зебои Тоҷикистони азизамон маҳсуб мегардад.

 Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки ба масъалаи сатҳу сифати корҳо ва дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҷавонон ва таъмини ҳатмии волоияти қонун диққати боз ҳам бештар диҳем. Мо халқи тоҷик ифтихор аз он мекунем, ки имрӯз низ дар ин гӯшаи сарзамини аҷдодиамон мардуми ватандӯсту қавиирода, сарбаланду фарҳангпарвар ва давомдиҳандагони анъанаҳои неки гузаштагони шарафмандамон кору зиндагӣ мекунанд. Ва ба суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамъраъй ҳастем: “Итминон дорам, ки онҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши софдилона, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҷавонони имрӯза бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати  соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати тоҷик содиқона хизмат намоянд».

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди шуъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *