Ваҳдату якдилӣ моро боҳам овард. Сарҷамъии мардуми тоҷик бошад файзу баракати хар як хонадонро фузуда мегардонад. Бо умеди он, ки дар умқи дилҳо тухми умед ба ояндаи нек кишта гардад, то ҷаҳон орому заминиён осуда бошанд, шукрона, ки дар фазои истиқлолияти давлатӣ зиндагии хушу хуррамро ба сар бурда истодаем. Дар ҳамин рааванд бояд, мароми ҳар инсони худогоҳ ин аст, ки зидди ифротгарой ва терроризм бошад ва кишварро ҳамеша аз вартаи таназзул эмин дорад. Дар ин робита, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳояш ин падидаи номатлубро маҳкум намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм даъват менамояд.
Мо хуб медонем, ки қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон ҳастанд. Ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он дар ҷомеа кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Дастоварду пешравиҳои солхои соҳибистиқлолиро нодидагирифтан кори окилон нест. Шукргузорӣ мебояд аз ин бахту тахту даврони соҳибистиқлолӣ, ки барои миллати тоҷик дастоварди ҳаётан муҳиму тақдирсоз аст. Аммо бархе нохалафон, ифротгароён ин арзишҳоро ба по мезананд, нодида меангоранд. Ман ба тамоми мардуми шарафманди тоҷик таъкид менамудам, ки ба нороҳат гардидани баъзе кӯтоҳназарони фитнаангез ҳамфикрӣ нашояд, то он ҳодисаҳои мудҳише, ки замоне дили халқро шикаста буд, дубора бар сари мардуми мо наояд.
Ҷоиз ба таассуф аст, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар давлатҳои исломӣ, равияҳои худкушӣ, мардумкушӣ ва амалҳои террористӣ анъана шудааст ва ин ҳамаро ба мардуми мусалмон алоқаманд мекунанд, ки ин дину мазҳаби моро гунаҳкор месозад. Ташкил ва равонасозии чунин амалҳои террористӣ дар давлатҳои исломӣ ва дигар давлатҳо ин пешаи мусалмонони асил нест, балки ба зоҳир мусалмонон аст. Дар ботин бошад, қотилу разилу бадҷаҳл.
Равандҳои ҷаҳони муосир собит менамоянд, ки бо вуҷуди тадбирҳои байналмиллӣ зидди терроризму ифротгароӣ, гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ҳоли фаъолнокии ҷиддӣ қарор доранд. Ин воқеият бозгӯи он аст, ки дигар ҳеҷ як давлат, созмону иттиҳодияҳои бонуфуз бидуни ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳон наметавонанд дар мубориза бо терроризм пирӯз шавад. Аз ин рӯ, бояд муборизаи ҳақиқӣ бар зидди терроризми байналхалқӣ ба суръат ва тамоми ҷиддият бурда шавад.
Миллати тоҷик бошад, дар ин раванд яке аз иштирокчии фаъоли ин мубориза аст. Дар ин бора Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон низ муфассал ибрози назар карда буданд. Мо медонем, ки тамоми олам ва созмонҳо терроризми байналмиллалиро «вабои аср» унвон кард, ки ин бесабаб нест, зеро он аллакай мақоми фаромилливу глобалиро ба худ касб кардааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қотеъона иброз намуданд, ки Тоҷикистон бо чунин падидаҳои номатлуб, ифротгароӣ ва тероризм мавқеи оштинопазир дорад ва омода аст дар ин ҷода ҳамкориҳои нафъоварро бо ҳамаи давлатҳои манфиатдор суръат бахшад.
Раҷабмуҳаммад Раҷабов,
муаллими калони кафедраи математика
ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ