ҲАРАКАТИ ЭКСТРЕМИСТИИ «ИХВОН-АЛ-МУСЛИМИН» – САРЧАШМАИ ПАЙДОИШИ «ТТЭ ҲНИ» ВА ҲИЗБҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Ҳаракати экстремистии «ихвон-ал-муслимин» асри XX ба вуҷуд омада, аввал дар кишварҳои араб, баъдан ба кишварҳои мусалмоннишини ѓайри араб интиқол ёфтааст. Ин ҳаракат бо амалҳои нопоки худ ва иѓвоангезӣ ба ҷомеаҳои мусалмонӣ таъсири манфӣ расонидааст. Мубаллиѓони ин ҳаракат ба интишори иѓвову нафрат дар кишварҳои арабӣ бисёр мушкилиҳои зиёдро ба бор овардааст. Тамоми дунё ба воситаи ахбори омма шоҳиди он гашт, ки гурӯҳи экстремистии «ихвон-ал-муслимин» дар Миср, Судан, Либия ва Ироқ ҷавононро гумроҳ карда, зидди ҳукумат ва мардуми бегуноҳ ҷанг карда истодааст. Ҳаракати экстремистии «ихвон-ал-муслимин» сарчашмаи идеологӣ ва молиявии пайдоиши гурӯҳҳои дигари террористиву экстремистӣ дар асри XX гардидааст. Ҳизби мамнӯъгаштаи «ҳизб-ут-таҳрир» яке аз шохаҳои ин ҳаракати экстремистӣ мебошад. Ҳаракати мамнӯъгаштаи экстремистиву террористии «ҳизб-ут-таҳрир» мақсади барпо кардани хилофат дар рӯи заминро дорад. Мубаллиѓони ин ҳаракат ақида ва таълимоти экстремистиву террористии худро ба ҷавонон тарѓиб намуда, кӯшиш бар он доранд, ки сафи экстремистону террористони худро бештар намоянд. Аз ин маълум мешавад, ки «ихвон-ал-муслимин» боиси пайдо шудани ташкилоти мамнӯъгаштаи террористиву экстремистии «давлати исломӣ», шохаи ал-қоида «таҳрир-аш-шом» шудааст. Зеро мақсади ҳизбҳои террористии мазкур ташкили хилофати исломӣ мебошад.

Ташкилоти мамнӯъгаштаи террористиву экстремистии давлати исломӣ шохаҳои худро дар бисёр кишварҳо паҳн намуда, бо ин роҳ амалҳои террористиро дар бисёр давлатҳои Аврупо ва кишварҳои мусалмоннишин ба мисли Сурия, Ироқ, Сомалӣ, Либия, Яман, Миср, Марокаш, Тунис, Судан, Афѓонистон ва ѓайра боис шуд.

Гурӯҳҳои эктремистиву террористии “ихвон-ал-муслимин”, “ҳизб-ут-таҳрир”, “салафия”, “ансоруллоҳ”, “ҳизбуллоҳ”, “алқоида”, “инқилоби исломӣ” ва ѓайра ҷавонони гумроҳшудаи давлатҳои арабро бо иѓвоангезӣ бар зидди ҳукуматҳояшон шӯрониданд, ки дар натиҷа шӯришҳои “баҳори арабӣ” дар як қатор кишварҳои араб ташкил шуд, ки алангаи ҷангҳои дурандарози Сурия, Ироқ, Либия ва Яман то ба ҳол хомӯш нашуда, ҳазорон одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида истодаанд.

Ҳизбҳову ҳаракатҳои экстремистии “ихвон-ал-муслимин”, “салафия”, “ваҳҳобия”, “инқилоби исломӣ”, “ҷамоати исломия” ва ѓайра боиси пайдошавии ташкилоти мамнӯъгаштаи террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ шудаанд. Зеро маҳз дар замони ибтидои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористиву экстремистии хизби наҳзати исломӣ инқилоб ва террорро дар кишвар оѓоз кард. Ин ҳаракат аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ кӯмаки молияву ҳарбӣ ва  идеологӣ гирифта, дар ҷомеа даст ба куштор заданд ва бо ин роҳ барои аз байн бурдани давлати навҷавони мустақил кӯшиш кард. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳукумати он замон фалаҷ мешавад. Ттэ ҳни бидуни кӯмаки молиявию идеологии хориҷии қудрати ташкили ҷангро пайдо намекард. Маҳз бо кӯмаку дастгириҳои хоҷагони хориҷӣ дар симои “ихвон-ал-муслимин”, “инқилоби исломӣ”, “ваҳҳобия”, “салафия” ва ѓайра ин ташкилоти бадкор амалҳои ноинсонаи худро ҷомаи амал пӯшонд.

Ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо кӯмаки молиявии баъзе ташкилотҳои бадхоҳ дар кишварҳои хориҷӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ – террористи рақами як фоъолияти экстремистии худро давом дода истодааст.

Аммо бояд дар хотир дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли солҳои 1992-1993 давлати заифу нотавон нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати ҳимоя кардани сарзамини худ ва ҷомеаи шаҳрвандиро аз чунин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва шахсони мутаассибу бегонапараст дорад.

Ҳамватанон, бародарону хоҳарон ва ҷавонони азиз! Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ, номзади илм ба Шумоён муроҷиат менамоям, ки аз иѓвогарон дар ҳамаи зуҳуроташ эҳтиёт бошед, худро бозичаи ҳизбҳову ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ нагардонед, аз ҳар гуна шабакаҳои экстремистӣ дурӣ ҷӯед, мафкураи худро аз ақидаҳои аѓвогариву экстремистӣ тозаву солим нигоҳ доред, ба суханҳои шахсони мутаассибу бегонапараст фирефта нашавед ва ба илмҳои дунявии созанда аҳамияти ҷиддӣ дода,  баҳри осудаҳолӣ ва созандагӣ кӯшиш намоед.

 

Камолов Ф.А.,

                                                                  мудири кафедраи забонҳои

                                                                       хориҷии ДИС ДДТТ, н.и.ф.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *