ТЕРРОРИЗМ  ГУРӮҲИ ҶИНОЯТКОР– ҲАМЧУН ТАҲДИДИ АМИҚИ БЕХАТАРИИ ҶОМЕАИ МУОСИР

 

Терроризм чунин шакли гурӯҳҳои ҷинояткор мебошад, ки ба марги беасоси мардум, талаю тороҷи молу мулки онҳо, тарсонидани онҳо сабаб мешавад. Мақсади шахсоне, ки ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд, чи дар сатҳи ягон маҳалли муайян ва чи дар сатҳи байналхалқӣ, таҳдид намудан ба бехатари халқи оддӣ ва харобкорӣ мебошад. Инчунин мақсади чунин гурӯҳҳои бо истифода аз хурофоту таҳдидҳои динӣ тарсонидану ба роҳи каҷ равон намудани мардуми хусусан ҷавон мебошад, ки фикри мустақилона надошта, ба чунин равияҳои беасос тез банда мешаванд.

Сабабҳои терроризмро муҳақиқон ин тавр муқаррар намудаанд:

– ҳаллу фасл нашудани муаммоҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва динӣ, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд;

– ҷанг ва задухӯрдҳои ҳарбӣ, ки дар доираи онҳо санадҳои террористӣ ба қисми амалиётҳо ҷанги дохилӣ табдил меёбанд;

-мавҷуд будани гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳамсояҳои дуру наздики худ, ки  бо сатҳи баланди таъминоти моддӣ ва маданият, қудрати сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии худ фарқ мекунанд.

– мавҷуд будани ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои пинҳонӣ, аз ҷумла ташкилотҳои динӣ ва сектантӣ, ки худро дорои қобилиятҳо ҷодугарона меҳисобанд ва қарори худро «Ягона қарори дуруст» меҳисобанд. Ба фикри онҳо амалҳои содирнамудани онҳо ягона амали дуруст буда, ҳаёти онҳоро куллан ба беҳбудӣ меорад ва руҳи онҳоро абадан аз азоб озод менамояд.

Агар аъзоёни ин гурӯҳҳо муддати дурудароз дар шароитҳои махсус, яъне машқҳои фаъоли террористӣ, ки аз технологияҳои махсуси коркарди психологӣ иборат мебошанд, воқеъ гашта бошанд, пас муҳите ба миён меояд, ки онро муҳити террористӣ меноманд. Ба шахсон-аъзоёни ин гурӯҳҳо, шуури махсус хос мебошад. Ҷаҳонбинии ин тоифа одамон ҷаҳонбинии соф динӣ-фидоӣ мебошад. Барои онҳо таҳлил намудани оқибатҳо ва мақсади терроризм хос нест.  Ҳамзамон барои террористон ҳис намудани бартарии худ нисбат ба «шахсони оддӣ» хос мебошад. Ва, ниҳоят, онҳо нисбат ба дарду алами шахсони худӣ ва бегона эҳсоси ниҳоят паст доимо барои куштан ва кушта шудан омода мебошанд.

Бар хилофи олами ҷинояткорон намояндагони муҳити террористӣ худро пешвои муҳофизони идеалҳо ва рағбатҳои олӣ меҳисобанд.

Таҳкурси идеологии чунин ташкилотҳо аз тарафи гурӯҳи «интеллектуал-назариячиён» кор карда баромада мешавад, ки маркази идеологии ин гурӯҳҳоро ташкил медиҳад ва дар атрофи онҳо ташкилотҳои ҳарбии террористӣ ташаккул меёбанд.

Ҳамзамон дар шуури аҳолӣ ки шомили гурӯҳҳои оппозитсионӣ мебошанд, чунин фикре пайдо шудааст, ки дастрас намудани мақсадҳои олии худро танҳо бо дастгирии террористон ноил шуда метавонанд.

Ҳамин тавр барои роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ шароити мусоид барои талаб намудани таъминкунӣ, маблағгузорӣ, рӯйпӯшкунӣ ва ғайра пайдо мешавад.

Терроризм дар шаклҳои дилхоҳи зоҳиршавии худ ба яке аз муаммоҳои хатарноктарин, пешгӯинашаванда ва оқибаовари муосир табдил ёфтааст. Шаклҳои дилхоҳи зоҳиршавии терроризм ҳарчи бештар ба бехатарии мамлакатҳои бисёр ва аҳолии онҳо таҳдид мекунад, зарарҳои молиявӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ меоварад ва ба мардум фишори руҳӣ меоварад ва ҷони мардуми бегуноҳро ба яғмо мебарад.

Ташкилотои террористӣ дар шароитҳои муосир бо технологияҳои муосири алоқа муҷаҳҳаз шудаанду сарҳадҳои давлатӣ барои онҳо монеа намешаванд. Барои аъзоёни ин гурӯҳҳо пинҳонкунии мавқеъ ва аломатои беруна, интихоби аъзоёни гурӯҳ мавҷуд будани агентҳо дар органҳои давлатӣ, базаҳои таълимӣ маҳсулнокии амалиётҳои гузаронидашаванда хеле муҳим мебошад.

Хусусияти хоси терроризми замонавӣ ин характери байналмилалӣ доштани он мебошад. Ташкилотҳои террористӣ органҳои ягонаи идоракунӣ, системаи идоракунии банақшагириро ташкил медиҳанд.  Роҳбароини гурӯҳҳои нисбатан калон ба қадри кифоя тез-тез вохӯриҳо баргузор намуда фаъолияти ташкилотҳои худро идора мекунанд.

Ташкилотҳои террористӣ, аввалан, аз ҳисоби дастгирии молиявии тарафдорони худ, сониян, аз ҳисоби талави тороҷи амволи мардум аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил мешаванд. Манбаи асосии маблуғгузории ташкилотҳои террористӣ ин ба даст гирифтани тиҷорати маводи мухаддир, рекет, хариду фурӯши яроқ, фоҳишакорӣ, қиморбозӣ, қочоқ ва ғайраҳо мебошад.

Таҳдиди терроризми байналхалқӣ мамлакатҳои гуногунро маҷбур мекунад, ки дар мубориза ба муқобили он муттаҳид шаванд. Амалҳои террористӣ ҷиноятҳои байналмиллалӣ ҳисобида мешаванд ва ба тартиботи ҳуқуқии байналхалқӣ зарари ҷиддӣ меравонад. Бинобар ин дар минтақаҳои ба ҳам наздики рӯи замин ва имконият бошад дар тамоми олам муборизаро бар зидди ин равияи номатлубӣ замон бояд муттаҳид намудан зарур аст.

Норбобоев Л.Б.

Сармуаллими кафедраи

МО ва ТИ ДИС ДДТТ

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *