ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР

 

Мо шукри онро мекунем, ки дар кишварамон осмони софу беғубор ва сулҳ ҳукмфармо асту халқамон ба созандагию рушди иқтисодиёт машғуланд. Ҳамзамон дар ин радиф ашхоси ғаразноке пайдо мешаванд, ки барояшон арзишҳои волои миллию инсонӣ, сулҳу суботи комил эҳсону накӯкорӣ, ҳувият ва асолати миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Инҳо собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати Исломӣ мебошанд. Дар бораи бебодгариҳои онҳо дар солҳои 90-уми асри 20 аз ҳамсояҳо, хешу таборҳо ва шиносон бисёр шунидаем. Аммо ба хотири дар соли 1997 ба имзо расидани созишномаи бастани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар ин хусус ба таври расмӣ баён намудани ақидаҳоро иҷозат намедоданд. Чӣ тавре, ки мегӯянд, табиати каждум неш задан аст, дар давоми солҳои минбаъда аъзоёни ин ҳизб аз нияти бади худ даст накашидаанд. Воқеаҳои соли 2015 нишон дод, ки онҳо ҳоло ҳам мекӯшанд, ки бо ҳар роҳ ҳукумати қонуниро сарнагун карда, ғайриқонунӣ дар кишварамон тартиботи асримиёнагиро ҷорӣ намоянд. Мо боварӣ дорем, ки халқи кишварамон воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-умро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва намегузоранд, ки ниятҳои нопоки наҳзатиён амалӣ гардад, яъне бо гузашти вақт мардуми тоҷик чеҳраи манфури мубаллиғону пайравони ТТЭ ҲНИ – ро хуб шинохта ва дарк намудаанд.

Барои боз ҳам бо далелҳои муътамад ва хеле хуб фош намудани амалҳои разилонаи ин ташкилоти экстремистию терористӣ ба воситаи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва «Синамо» силсилафилми ҳуҷҷатии «Хиёнат» намоиш дода шуд. Дар ин филмҳо доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон манъшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад. Дар ин филмҳо далелҳои раднашаванда ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда, нишон дода мешаванд. Аз ин филмҳо бараъло маълум мегардад, ки бо рафтору кирдорҳояшон аъзоён ва пайравони ин ҳизб, ки дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоштанду ҳанӯз ҳам дар хориҷи кишвар ба хотири манфиати худу амалӣ намудани амалҳои ғайриинсонии хоҷагони хориҷии хеш бо зӯроварию хиёнат ба пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна задан мехоҳанд, бо далелҳои шайъӣ исбот гардидааст.

Ҷинояткорон – пайравони ТТЭ ҲНИ асло шарму ҳаё, масъулият, шарафи миллӣ надоранд ва аз оқибати кору пайкори худ намеандешанд. Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар гузоштани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум, паст задании шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешгирифтаи онҳо буда, танҳо ҳамин амалҳои ғайриинсонӣ барояшон роҳат мебахшанд.

Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида шудааст. Онҳо ба воситаи роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш амал намудаанд. Дар ҳамин асос, аз байни мардуми тоҷик ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуданд ва онҳо ба ватани худ хиёнат кардаанд.

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба қисмҳои алоҳида ҷудо шудааст, ки фаҳмиши ҳодисаҳои дар он тасвиршударо осонтар мегардонад. Қисми якум оид ба амалҳои террористие, ки аъзоён ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва бо дасти Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 анҷом дода шуда буд, бо далелҳои равшан ва шоҳидони ҳодиса тасдиқ мекунанд, ки воқеан ҳам ҳадафи онҳо ба таври зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият ва сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд.

Қисми дуюми филм дар бораи фаъолияти таҳрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар, ки баъди аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эълон шуданаш роҳандозӣ гардидааст, ҳикоят мекунад.

Баъди пайгирии қонунӣ дар хориҷи кишвар пинҳон шудан, наҳзатиён худро ҳамчун қурбонӣ муаррифӣ намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағ гирифта, барои «Муборизаи сиёсӣ»-и навбатӣ Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил намуданд. Аз шоҳидони ҳол дар мавриди амалҳои онҳо дар хориҷи кишвар фикру далелҳои раднашаванда пешниҳод гардидааст, ки чӣ гуна бар зидди давлату миллат фаъолият мебаранд ва мехоҳанд, ки боз Тоҷикистони орому осударо бо макру фиребҳои хеш ба ҷанги бародаркуш бикашанд.

Дар қисми сеюми филм дар бораи дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумоти дақиқ дода шудааст. Гуфта мешавад, ки чӣ гуна ин сомонаҳо аз қабили «Ахбор.ком», «Кимиёи Саодат», «Паём.нет», «Наҳзат.ру», «Ислоҳ.нет» аз ҷониби ҲНИ маблағгузорӣ шуда, бар зидди давлату миллати тоҷик маводҳои ғаразноки беасос чоп карда, инчунин дар онҳо ақидаҳои зиддимиллии наҳзатиёнро тарғибу ташвиқ мекунанд.

Соли 2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи ҳарбӣ 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд. Ин амали террористиро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсиониро гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро гаравгон гирифта, ба қатл расониданд.

Дар силсилафилмҳо ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле ҷолиб нишон дода шудааст. Ба ин ҳодисаҳо аққалан 10-15 сол пештар равшанӣ меандохтанд, хеле хуб мешуд. Зеро, ки дар ин муддат қариб 1500 нафар ҷавонони мо роҳгумзада шуда, ба ҷанги бемаънои ДИИШ ҳамроҳ намешуданд. Ба ҳар ҳол чунин филмҳо барои нишон додани асли ҳоли таърихи кишварамон хеле муҳим мебошанд. Маводҳои филми мазкурро ҳамагон, бахусус насли ҷавони худогоҳу хештаншиноси кишвар тамошо кардаанд ва боварӣ дорем, ки онро бо идрок ва назари сиёсӣ ҳаматарафа таҳлил менамоянд. Манзараҳо ва мафҳумҳои дар филм истифодашуда моро ҳушдор менамоянд, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашавем.

Иброгимов И.И.,

Мамадхӯҷаева М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *