Мизи мудаввар дар шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ

31 январи соли 2020 шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ  мизи мудаввар оид ба ҷамъбаст ва паҳн намудани 3 семинар дар доираи “WP2-Тақвияти иқтидор” барои кормандони ШРБ баргузор намуд. Дар шаҳри Хуҷанд оид ба “Созишномаи ҳамкории байналмилалӣ ва имкониятҳои маблаггузорӣ”, дар Тошканд оид ба “Ташккилот ва идоракунии ШРБ”, ва дар Сиан “Воситаҳои таълимӣ ва ҳамкории илмӣ, методология ва таҷрибаи пешкадам”. Дар бораи консепсияи лоиҳа, ҳадафҳо ва вазифаҳои он маълумотҳо мубодила карда шуд. Инчунин маълумот дар бораи семинарҳои қаблӣ дар Севилла (Испониё), Хуҷанд (Точикистон), Тошканд (Ӯзбекистон) ва Сиан (Хитой) баргузор гардид. Чорабинӣ бо саломи муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Аминов И. оғоз гардид.
Дар чорабинӣ муовини директор оид ба инноватсия ва илм, декани ҳар 3 факулта ва муовини онҳо ширкат варзиданд, намояндагони кафедраи рушди байналмилалии Донишгоҳҳои минтақавӣ, инчунин ДДХ, ДДХТСБ, Донишкадаи металлургии Тоҷикистон низ ҳузур карданд.

 
Роҳбари шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ,  ҳамоҳангсози институтсионалии UNICAC –Мухторов С.С. ба муаррифии UNICAC оғоз карда, ҳадафҳоии лоиҳаро муайян кард. Инчунин ӯ маълумот гирифтаи аз силсилаи тренингҳои дар Севилия, Хучанд, Сиан гузаронидашударо, нақл кард ва аҳамияти интернатсионализатсияи Донишгоҳҳоро зикр кард. Презентатсия оид ба “Чӣ гуна интернатсионализатсияро оғоз кардан?”, муайян кардани стратегия, ва интернатсионализми таълим, омӯзиш, тадқиқот (T/L/R) ва андозаҳои фарҳангӣ дар Донишгоҳҳо пешниҳод шуд. Мутахассиси презентатсия оид ба РБ Юсупов А. бо аниқ кардани роҳҳои интернатсионализатсияи Донишгоҳ ва қайдҳои муфид аз тренингҳои дар Тошканд бударо идома дод.
Мутахассиси ШРБ Оқилова М. презентатсияро тавассути мубодилаи иттилоот доир ба ташкили ҳамкорӣ ва шабакаҳо ба анҷом расонд. Ӯ дар бораи Чӣ гуна Донишгоҳ ҳамкоронро пайдо мекунад ва бо онҳо робитаҳо нигох медорад нақл кард. Инчунин ӯ дар Донишгоҳи Лауреа таҷрибаи калон гирифта, онро дар шаҳри Хуҷанд омӯзонидааст.

Саволу ҷавоб пур аз мубоҳисаҳои ҷолиб ва бо суханрониҳои ғайрирасмӣ гузаронида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *