АНДЕШАҲО ПАС АЗ ТАМОШОИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ ” ХИЁНАТ”

Чӣ минтақаест дар пинҳон нигоҳ доштани ақидае, ки иброзаш ба манфиати умум ҳаст? Ба андешаи мо, тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” нафареро, ки худро ватандӯсту сулҳу суботи Ватанро хоҳон аст, бетараф намегузорад. Ва бетараф нахоҳем монд. Чаро, ки ин Ватан аст, ин манфиати ҳамдиёрону хешу табори ҳамдигар аст, ки бо ҳам мисли гӯшту нохун пайваста, дар пастию баландӣ, тӯю сурур, ғаму мотам боҳаманд .Чуноне дар урфият мегӯянд, дарди як узв ҳатман узви дигарро ба дард меоварад. Пас, чаро мо худ хомӯш истем, модоме, ки дар тарозуи тақдири ману шумо гузошта мешавад? Ва ин амал маънии онро дорад, ки ҷилави ҳалли тақдири мову шуморо нафар ё нафароне гирифтанӣ мешаванд, ки дар дил нисбати ҳамватани хеш, ободии диёри аҷдодй тангбинанд. То ба дараҷае, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои муғризонаи хеш омадаанд хуни ҳамдиёру ҳамтабори хеш бирезанд, мулк ба вайрона табдил бидиҳанд, мардумро сарсону саргардон бисозанд. Магар, ин аз гӯшаи ватандорию имондорист? Ҳаргиз не!…

Меваи таассуроти бардошта аз филми мазкур маҳз ҳамин хулосабарорӣ гашт, ки ба таври мушаххас пешкашатон сохтам. Ва аминам, ки ин ҳам дар манзари он ҳама ҳодисаҳое, ки насли калонсоли ҷануби Тоҷикистон худ дар оғози солҳои 90-асри гузашта шоҳид гашта, аз ҷониби эшон он дидаю шунидаҳо бо имрӯзи диёри хеш қиёс карда хоҳад шуд. Итминонам комил аст, ки ҳақиқати дигареро низ ба забон хоҳад овард: Фарқ дар пешравӣ, ободсозй, баландравии сатҳи зиндагии мардум аст. Чуноне мегӯянд, аз замин то осмон!…

Чуноне аз тамошои филми мустанади “Хиёнат” возеҳу равшан бармеояд, роҳбари ТТЭ ҲНИ  Мухиддин Кабирӣ ва аъзоёни он вобаста ба оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содир намудаанд, амиқан тасдиқи худро ёфт. Бо баробари ин аз ҷониби хешовандони М.Кабирӣ, аз ҷумла, додарарӯсаш бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери танқиди шадид қарор доданд. Дар симои роҳбари ТТЭ собиқ Ҳизби назҳати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ то ҳанӯз ҳастанд ашхосе, ки бо сабукандешӣ, тангбинии хеш тайёранд, ҳамагуна муқаддасоти инсониро зери по кунанд. Масалан танҳо дар соли 2020 бинобар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта 17 нафар аъзоёни собиқ ҲНИ дастгир шуданд. Ба ин гуна афродон хотирррасон мекунем, ки хиёнат ба Ватан, ба халқи диёри хеш дар ҳеҷ давру замон, дар ягон манзилу макон аз ҷониби ҳеҷ нафаре хуш пазируфта нашудааст ва нахоҳад шуд.

Агар ба ҳақиқати имрӯзаи зиндагй бингарем, пас, дарк кардан мушкил нест, ки ҷавонони замони муосир кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то технологияҳои замонавиро аз худ карда, баҳри пешбурди рӯзгори хеш истифода баранд. Дар ҳукмронии сулҳу субот, озодию оромй, дар корҳои бунёдкорию созандагӣ, бо ҳисси баланди ватанпарварӣ, тинҷию амонии кишвар.

Дар интиҳои мақолаи хеш хулосабарорӣ карда, қайд мекунем, ки мо ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту осоиштагии давлат ва оромию суботи ҷомеа саҳмгузор бошем.

Шерматова Ш.М.-муаллимаи калони

                                                                    кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ             

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *