Анҷумани озодандешони тоҷик киро гумроҳ мекунад?!

Имрӯз Тоҷикистон обод аст, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ пайваста рушд менамоянд ва муҳимаш аз ҳама дорои сулҳу ваҳдати пойдору устувор ҳастем. Ва маҳз ҳамин омилҳо душманони ин миллату давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар ором намегузоранд. Онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд мардумро раҳгум зананд, кӯшиш менамоянд Тоҷикистонро ба чашми оламиён таҳриф намоянд.
Дар замоне, ки аксар кишварҳои дунё ба ватани мо нигоҳи нек доранду ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаашро ҷонибдорӣ менамоянд, қалби хасми нокасу номарди душманони миллати сарбаланди тоҷик оромӣ надорад ва онҳо ба ҳам меоянд чун мору каждум анҷуман барпо месозанд, ки ҳама як ҳадаф дорад: ноором сохтани фазои сулҳрези Тоҷикистон.
Хаёлатон хом аст, эй душманони адолату ҳақиқат, душманони сулҳу ваҳдат замони фиреби мардуми тоҷик гузашт. Имрӯз Хатлону Зарафшону Бадахшон ба ҳам омадааст ва ин пайванди ногусастанист, ки касе, аз ҷумла шумо иштирокдорони “анҷумани озодандешони тоҷик”, наметавонад халалдор созад!
Дар доираи ташкилоти ҷамъиятии навтаъсиси «Анҷумани озодфикрони Тоҷикистон», ки ба он Темур Варқӣ ва ходими сиёсӣ, роҳбари собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дохиланд, ҳақ надоранд, ки аз номи мардуми Тоҷикистон баромад карда, даво кунанд, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандон ва умуман, демократия риоя карда намешавад.
Коршиносон ва дигар ташкилотҳои байналхалқиро зарур аст, ки ба гуфтаҳои як-ду нафар шахсоне, ки ҳамчун ҷинояткор эътиро шудаанд, бовар карда ҳар гуна изҳороту хабарҳоро тавассути воситаҳои ахбор паҳн насозанд. Коршиносони Женева ҳақ надоранд, ки андешаи ду-се нафар муҳоҷирони сиёсиро ба сари як миллату як кишвар бор намоянд. Зеро андешаи як-ду ашхоси сиёсӣ ҳеч гоҳ мафкураи як миллатро ифода карда наметавонад. Бинобар ҳамин ҳам мо изҳороти саммити Женеваро маҳкум намуда, изҳор менамоем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи конститутсия аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои худ мутобиқи демократия бадхурдор мебошанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки «Анҷумани озодандешони тоҷик» маҳз бо ташаббуси кадом «озодандешон» таъсис дода шуд. Ин Анҷумани озодандешон нест, балки анҷумани террористон аст. Имрӯз, ки онҳо ба амалҳои нопоки худ мехоҳанд зидди Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд. Онҳо рӯзе зери номи ин анҷуман нақшаҳои нопоки худро татбиқ намуданианд. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи Тоҷикро ба Анҷумани худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайри қобили қабул аст. Зеро Тоҷики асл дар Ватан аст ва ё берун аз бошад ҳам дар хизмати Ватан аст. Чунин хоинону гурезагон ва имонфурушон ҳуқуқи истифодаи вожаи Тоҷикро надоранд ва ҳамчунин қабил ашхосон миллатҳам надоранду онҳо ғуломи молу давлати хоҷагони худ мебошанд. Тоҷикистонро кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷуҳ доранд.
Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин Анҷуман на озодандешон ҳастанд. Балки хоинону ватанфурушон ҳастанд. Ин як бозии хом аст. Бо таъсиси ин гурӯҳ онҳо боз ягон нақшаи пуч доранд. Онро хоинону ватанфурушон таъсис доданд. Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад».
Ғаниева М. И.,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *