САЛАФИЯ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

«Салафия» аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш гузаштагон мебошад, ки дар маҷмӯъ «ас – салафу – с – солиҳ» – ро олимон ба маънои инкишоф додану тарғиб, тафсир, таълим, ташреҳ ва танзими ислом аз тарафи гузаштагони накӯкор дар 3 асри аввали пайдоиши ислом дар назар доранд. Калимаи салаф (пешиниён, гузаштагон) номи умумии арбоби дини ислом, ки дар давраҳои мухталифи таърихи ислом шеваи зиндагӣ ва дину ойини пешвоёни давраи аввал (ас-салаф-у-ссолеҳун)-ро тарғиб карда, ҳамаи навгониҳои баъдиро бидъат маънидод мекарданд; Ибни Ҳанбал, аш- Шофеӣ, Ибни Таймия, ваҳҳобиён, фарандиён, иттиҳодияи ал-Ихвон-ул-муслиминро ба аҳли салаф нисбат медиҳанд; дар таҳқиқоти муҳақиқони Ғарб салафия бо бунёдгароӣ ва суннатгароӣ муродифи ҳам дониста шудаанд .
Таърихи пайдоиш, инкишоф ва ташаккулёбии мазҳаби «Салафия» аз бисёр сарчашмаҳо чӣ аз ҷиҳати мусбӣ ва чӣ аз ҷиҳати манфӣ ба мо маълум аст.
Вале ҷараёни «Салафия» – и дар нимаи дуюми асри ХХ аз тарафи Носириддини Албонӣ тавлид шуда, аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоати Аҳмади Ҳанбал ба куллӣ фарқ мекунад.
Салафиёни имрӯза аз рӯи ақида ва кирдору рафторашон пайравони гузаштагони накӯкор набуда, баръакс ақидаҳояшон характери экстремистӣ дошта, онҳо душманони ислом мебошанд.
Дар солҳои 80-уми асри 20 бо ҳар роҳу усул ва воситаҳои гуногун нафарони камшуморе пайдо шуданд, ки дар мамлакатҳои арабӣ аз рӯи дастури ҷараёни Муҳаммади Абдулваҳҳоб ва Носириддини Албонӣ дарс омӯхта, тавонистанд дар як қатор ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва хусусан дар давлатҳои Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири солҳои 90 – уми асри гузашта ғояи характери экстремистӣ доштаи ин ҷараёнро дар шакли «Ваҳҳобия» паҳн намоянд .
Ҷараёни «Ваҳҳобия» дар давраи бозсозии горбачёвӣ ба дастовард-ҳои «назаррас» ноил гардид. Ба ҷонибдорони «Ваҳҳобия» дар ниқоби «демократия» муяссар гардид, ки дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрван-диро доман зананд. Онҳо мехостанд давлати тоҷиконро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Идеяҳои экстремистии худро асосан дар маъракаҳои «мавлуд», «рӯзи дафн», «намози ҷумъа», тариқи амри маъруф ва ғайра амалӣ мегардонданд. Халқи оддиро гумроҳ карда ба доми худ мекашиданд. Ҷараёни ташвиқоту тарғиботи «Ваҳҳобия» чунон тез ҳаракат мекард, ки ягон мақомоти салоҳиятдори давлатӣ садди роҳи он шуда наметавонист.
Натиҷаҳои фоҷиабори ҷанги бародаркушро мо ҳама нағз медонем. Акнун «Ваҳҳобия» бо ниқоби салафия ба майдон омадааст. Тадқиқотҳои коршиносон нишон медиҳад, ки сарчашмаи идеологияи салафия аз яке аз 4 мазҳабҳои суннитӣ – ҳанбализм бармеояд. Хусусияти хоси мазҳаби ҳанбалӣ дар муборизаи беамонашон бо ҳар гуна бидъа, яъне навгонӣ дар ислом зоҳир мегардад. Вазифаи асосии худро салафиён дар тоза кардани ислом аз ҳар гуна ҷараёну ҳаракатҳои ба хусусиятҳои этникӣ, расму оин, маданияти халқҳо асосёфта мебинанд. Ин муборизаи тозакунии ислом на танҳо идеологӣ, балки бо ташкили қувваҳои мусаллаҳи бо ҳокимияти давлатӣ муборизабаранда алоқаманд аст.
Идеологияи салафизм ба тамоми гӯшаю канорҳои рӯи Замин паҳн шудааст. Онҳо дар навбати аввал ба сафи худ ҷавонони ниятҳои радикалӣ доштаро ба сӯи худ ҷалб мекунанд. Ба воситаи сомонаҳо ҷавононро ба доми фиреби худ медароранд. Ҷавононе пайдо мешаванд, ки баҳри мубориза барои исломи тоза аз баҳри хонаю дар, падару модар ва ватан баромада мераванд. Масалан ба Испания мунтазам хатибони салафӣ аз Иордания, Миср, Қувайт, Арабистони Саудӣ ва Белгия омада, дар назди тарафдоронашон баромад мекунанд. Дар ин гуна ҷамъомадҳо то 2-3 ҳазор намозхонон ҷамъ мешаванд. Мақсади асосии онҳо ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони гумроҳ аст. Салафия ба Испания аз Каталония ворид шудааст, ки дар он ҷо миқдори аз ҳама зиёди масҷидҳо бо рӯҳониёни радикалӣ ҷайгир шудааст.
Дар соли 2013 дар рӯзномаи австриягии «Die Presse» мақолае дарҷ гардида буд, ки дар он дар хусуси мавҷуд будани масҷидҳои салафиён дар шаҳри Вена ва ҷамъ намудани кӯмакпӯлӣ ба муборизони ҷиҳод дар Сурия гуфта шудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки як қисми намозхонони ин масҷидҳо бо мусулмонони Босния ва Герсоговина алоқамандии зич доранд ва ин масҷидҳо аз кишварҳои Шарқи Наздик маблағгузорӣ мешавад.
Шӯъбаи берлинии Муассисаи федералии ҳимояи конститутсия таҳлили ҳолати ҳозираи ҷамоати салафиявии шаҳри Берлинро дарҷ намуд. Мувофиқи ин маълумот шабакаи салафиҳо тахминан аз 100 гурӯҳҳо иборат аст, ки ҳар яки онҳо аз 10 то 80 нафар мард ё занро дарбар мегирад ва дар маҷмӯъ тахминан 43 ҳазор нафар иборатаст. Дар роҳбарии гурӯҳ пешвое меистад, ки дар байни аъзоёни гурӯҳ обрӯю эътибор дорад. Ҳозиркунандагони таҳлил меҳисобанд, ки салафиҳои ин гурӯҳҳо ақидаи ҷанговар надоранд, лекин барои ба вуҷуд омадани тарафдорони радикалӣ муҳит ба вуҷуд меоранд.
Намояндагони ҷамоати мусулмонии Франсия ва сарвазири кишвар Мануэл Валс ба пешниҳоди ақидаи ҷараёни асосии ислом ва мубориза бар зидди радикалӣ гардонидани мусалмонони ҷавон дар Франсия даъват намуданд. Дар рӯзномаи Journal du Dimanche ба муносибати куштори рӯҳонӣ аз тарафи экстремистони исломӣ муроҷиат ба шаҳрвандон дарҷ гардидааст. дар муроҷиатномаи муштарак, ки аз тарафи соҳибкорон, ҳуқуқшиносон ва олимон имзо шудааст, қайд шудааст “… мо бояд баён кунем, ки ислом проблемаи ҷамъиятӣ гардидааст ва ҳолати ҷорӣ нораво аст”. Онҳо ба муборизаи маданӣ ба муқобили радикализм дар байни ҷавонон даъват намуданд. Ба ақидаи онҳо маблағгузории масҷидҳо, музди меҳнати имомҳо ва корҳои теологӣ шаффоф гардонида шавад.
Сардори Вазорати корҳои дохилии Франсия хабар дод, ки аз моҳи декабри соли 2015 ҳукумати кишвар наздик 20 масҷидҳоеро маҳкам намуданд, ки исломи радикалӣ таблиғ карда мешуд. Бо гуфти сардори мақомот дар мамлакат наздик 2500 масҷидҳо ва толорҳои намозӣ мавҷуд аст, ки дар 120 тои онҳо салафизм таблиғ мегардад. Дар чаҳорчӯбаи актуалӣ гардонидани проблемаи салафизм дар Франсия ба амал баровардани чунин чораҳо ба монанди ташкили Маркази ғайрирадикалӣ намудани мусалмонон бо мақсади халал расонидани мусалмонони таҳҷоӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Нафарони ба роҳи радикалӣ воридшуда ҳисобида, ки бо сабабҳои муайян ҳабс кардан номумкин аст, бо қарори суд ба чунин марказ ҷойгир кунонида мешаванд. Дар марказ барномае амалӣ мегардад, ки ба 10 моҳ ҳисоб карда шудааст. Дар ин муддат мувофиқи барнома равоншиносон ба ҷавонон чунин кӯмак мерасонанд, ки онҳо на фақат аз ин роҳ мегарданд, балки аз радикализм тамоман рӯй метобанд. Ҷавонон курси махсуси дигаркунии самти ихтисосро мегузаранд. Дар соли 2018 буҷаи Франсия ба мубориза бар радикалишавии мусалмонон 40 миллиард евроро ташкил медиҳад [1].
20 октябри соли 2007 ҷараёни экстремистии «Салафия», дар рӯйхати «сиёҳ» – и Департаменти давлатии Амрико ҳамчун ташкилоти террорис-тии байналмилалӣ ба қайд гирифта шуд .
Дар байни мусалмонони Қазоқистон салафиҳо хеле фаъол гаштаанд. Онҳо ба эҳё намудани асосҳои қадимии оинҳои дини ислом даъват мекунанд, мактабҳо ва ҳаракатҳои нави ақлона ва сиёсӣ ташкил карда истодаанд [1].
8 январи соли 2009 Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани фаъолияти салафия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидош-та ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ хизмат хоҳад намуд.
Бояд ҳаминро қайд намуд, ки ба ҳамаи пешгириҳо нигоҳ накарда, ҳара-кати салафия дар қаламрави ҷумҳурӣ авҷ гирифта истодааст. Ин буд, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2014 равияи динии салафия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаро) эътироф ва сомонаҳои интернетии ин иттиҳод чун воситаи ахбори омма баста шуд.
Ҷунбиши салафӣ механизми фаъолияти худро мукаммал намудаанд. Онҳо аз воситаҳои коммуникатсионӣ, техникӣ, ҳарбӣ ва географӣ моҳирона истифода мебаранд. Манбаъҳои муайяни маблағгузорӣ доранд, ки бо муҳити ба анъа-наҳои садақадиҳии хоҷагон, муассисаҳои террористӣ, фондҳои ғайридавлатӣ ва бонкҳои исломӣ алоқаманд аст. Дар базаҳои махсус тайёрии ҳарбӣ мегиранд, анбори яроқу аслиҳа, лавозимоти ҳарбӣ ва ғайра доранд.
Ба ақидаи коршиносон дар мубориза бар зидди салафиён корҳои комплексӣ ташкил намуда, бурдан лозим аст, ки ба таблиғи арзишҳои аслии ислом бо баҳисобгирии анъанаҳо ва меъёрҳои маданӣ равона карда шудааст. Дар мубориза бар зидди идеологияи салафизм потенсиали ҷамоати экспертӣ ва илмӣ, сохтори қудратӣ ташкилотҳои ҷавонон ва иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ равона шуданаш лозим аст.

Иброгимов И.И., кафедраи МО ва ТИ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *