Амният дар мадди аввал

Дар тӯли таърих мушоҳида мешавад, ки хатарҳои бисёр ҷиддӣ дар шакли паҳншавию гирифторшавӣ ба эпидемия ва касалиҳои сироятӣ бештар  гардида, одамон дучори осебҳои рӯҳиву маънавӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва бадбахтиву кулфатҳо гардида, оқибат ҷони хешро аз даст додаанд.

Пайдо гардидани бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш, солҳои 2002-2009, зукоми паранда соли 2005, зукоми хук соли 2009 ва зукоми Эбола соли 2014 ҳамчун бемориҳои сирояткунандаи хатарнок барои инсоният ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳз дар натиҷаи талошҳои муштараки табибони дунё, дар ҳамкорӣ бо тамоми сокинони олам раванд ва оқибатҳои ногувори он бартараф  гардиданд. Вале чуноне аз мушоҳидаҳо бармеоянд, дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла, дар мамлакати мо низ шаҳрвандон ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) гирифтор  гардидаанд, ки ин раванд дар ҷомеа як навъ тарсу воҳимаро ба миён овард. Дар асл ин беморӣ чуноне болотар иброз доштем, ҳануз солҳои 2002 аз тарафи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба қайд гирифта шуда буд. Он бемории маъмулӣ буда, ҳар сол шумораи зиёди бошандагони сайёра ба он мубтало мегарданд. Ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна аз 350 то 450 миллион нафар одам ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) гирифтор гардида, аз ин теъдоди  сироятёфтагон тахминан аз 3 то 7 миллион нафар ба марг дучор мегарданд. Соли 2019 шумораи гирифторони беморони  илтиҳоби шуш (пневмония) ба 480 миллион нафар расида, аз ин шумора 6 миллион нафар фавтидаанд, ки 1.2 фоизи умумии беморонро  ташкил медиҳанд.

Инсонҳо ба бемориҳои сироятии вирусӣ ва бактериявӣ бо роҳҳои гуногун гирифтор мешаванд. Маризиҳои сил, зуком ва бемории COVID–19  маҳз бо роҳи ҳавоӣ-қатравӣ аз як шахс ба шахси дигар мегузарад. Дар натиҷаи заҳролудшавии рӯда аз истеъмоли ғизои носолим, оби ифлос ва воридшавии бактерияҳо ба бадани инсон, эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои домана, зарпарвин ва илтиҳоби шадиди хунин ба миён  меояд.

Мақсад аз овардани  далелу воқеоти аслии ба сари башарият омада аз он иборат аст, ки одамон дар ҳамаи давру замонҳо мувоҷеҳи бемориҳову сироятёбиҳо гардида, оҳиста –оҳиста роҳҳои пешгирӣ ва муборизаро муайян намуда, бо ҷустани тадбир ва давоҳо ғолиб ва пирӯз гаштаанд. Дар тамоми кишварҳои мубтало ба бемориҳои сироятӣ мардумон якдилона ба муборизаи одилона ва муқтадир бархоста, роҳу равиш ва талаботро риоя намуда, дасти кумак ба ҳамдигар дароз менамоянд.

 

Имрӯз, бадбахтӣ сари он аст, ки дар шароити тараққиёти босураъти илму техника ва сӯиистифода аз васоити  ахбори омма гурӯҳҳои сиёсии бадхоҳи миллат вазъро бо ҳадафҳои вижаи ҳизбию сиёсӣ ҳал карданӣ мешаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамарӯза дар сомонаҳои марбут ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ аломатҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳалгароӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва ноором намудани вазъи мамлакат вуҷуд дорад.

Тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти ташкилоти ифротии «Паймони миллӣ» ва андешаҳои муғризонаи роҳбари ТЭТ ҲНИ М.Кабирӣ ва думравону ҳаммаслаконашон  пахш гардид. Чунин ба назар мерасад, ки расидани қадами номубораки COVID–19 ба сарзамини Тоҷикистон барои ин тӯдаи фурсатталаб боиси хурсандӣ ва эҷоди майдони нави мубориза гардидааст. Аз ин вазъ на бо эҳсоси дилсӯзиву тараҳҳум, балки  бо мақсади диққати мардумро ба худ ҷалб намудан, бо нишондоди хоҷагони хориҷии худ корҳои навбатии зишти хешро давом додан мехоҳанд. Онҳо аз фоҷеаи ба сари мардуми тоҷик омада, барои  аҳдофи нопоку муғризонаашон аз дурӯғу  риё, фиребу найранг ва бофтани туҳмату буҳтон хуб истифода менамоянд.

Даъвои барқасдона пинҳон намудани бемории сироятии  COVID – 19 аз ҷониби мақомоти давлатӣ нишонаи дур  аз воқеият будан ва муносибати ғайриинсонии «изҳоротдиҳандагон» ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар Тоҷикистон тамоми чораҳои зиддиэпидемикӣ ҳанӯз аз моҳи март татбиқ гардида, сарҳадҳо баста шуданд. Аз хориҷ ба кишвар воридшудагон муддати 14 рӯз зери назорати табибон ба карантин фаро гирифта шуданд. Тамоми марказҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо ва муассисаҳои томактабӣ зери назорат гирифта шуда, ҳамарӯза поксозию тамизкорӣ шуда, муваққатан ибодат дар масҷидҳо ва таълим дар мактабҳо  манъ гардиданд.

 

Тӯли чанд моҳи охир, агар ба далелу рақамҳо рӯ оварем, пас, муайян мегардад, ки бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд аз вабои аср – COVID–19  дар канор бошанд. Дар кӯтоҳтарин муҳлат ин маризӣ вориди ҳамаи мамлакату кишварҳо гашта, ҳатто ба хотири амну осоиштагӣ як муддат саҷдагоҳи мусулмононни тамоми дунё – Каъбаи мукаррама низ дарҳои худро ба рӯи эътиқодмандон баста намуд. Бархе аз ҳаммиллатони мо дар рузӣ  мотам ва бадбахтии ба сари миллат омада, тухми нифоқ ва бадкориро миёни мардум кошта, дар симои ташкилоти террористии бо ном «Паймони миллӣ», аз қавли мардум, «Мурдаро монда,  тӯю сур барпо карданианд».

Ба ҷойи воҳимаву таҳлука ва тафриқаандозӣ мо бояд ба зиндагӣ бо умеди   нек нигариста, ҳадафмандона бо бемории хатарзои ҳамагир – коронавирус  COVID -19  мубориза барем.

Бо шеваи чуғз  мадҳу таронаи озодӣ, ободӣ ва ваҳдати дурӯғин сароидан маънӣ надорад.Талошҳои ҷонкоҳона, ки бар хилоф ва зидди мардуми одӣ аст, наметавонад фазои афкори ҷомеаро тағйир диҳад.

Имрӯз собит гашт, ки саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, аз ақлу ирода ва матонати ӯ вобаста аст. Муҳим аз ҳама, мо бояд беҳдошт ва қоидаҳои гигиениро риоя намоем. Мавсими баҳор норасоии витаминҳо дар организми инсон эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, барои баланд гардидани масунияти бадан мо аз ғизоҳои серкалория ва меваю сабзавот бояд хуб истифода намоем. Ин маризӣ то кай идома меёбад, касе маълумоти аниқ дода наметавонад. Аз тарафи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳо мавриди пешгирӣ ва коҳишёбии ин маризии аср андешида шуда истодааст.

 

Дар чунин шароити бисёр вазнину ҳассос мо бояд беш аз ҳарвақта сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона меҳнат намоем. Садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, миллат ва давлатамон исбот намоем.

Сафаралӣ Собиров,

номзади илмҳои сиёсӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *