Ҳамла ба сайёҳон хиёнат ба Тоҷикистон аст!

Ҳамла ба сайёҳон хиёнат ба Тоҷикистон аст!
Мо аҳли кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДИС ДДТТ шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот кирдорҳои нохалафонае, ки аз тарафи хоинони миллат дар кишвари азизамон дар ноҳияи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ рух дод, шадидан маҳкум менамоем.
Тавре аз расонаҳои хабарии кишвар огаҳӣ пайдо намудем амали содиршуда аз тарафи ноҷавонмардон сурат гирифта, дар паси он андешаҳои муғризонаи ноҷавонмардон, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва дигар хоинон нуҳуфтааст, ки дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мехоҳанд нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи олам коҳиш дода, садди роҳи ҳузури гардишгарон ба Тоҷикистон гарданд. Хушбахтона, бо ҷасорат ва матонати шикастнопазири фарзандони ҷасуру далери Ватан бархе аз ин хоинон безарар гардонида шуда, бархеи дигар дастгир ва ҷазои сазовори қонунӣ хоҳанд гирифт.
Тавре аз изҳороти расмии Вазорати корҳои дохилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, масъулияти ин амали зишт ва ноҷавонмардонаро ДИИШ ба уҳда гирифтааст ва баъзе аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ низ дар он даст доранд. Албатта, мо амали ваҳшиёнаи ҳама гуна гуруҳ ва ашхосеро, ки даст ба чунин кори зишт мезананд, сахт маҳкум менамоем ва намегузорем, ки фазои осудаву амнияти кишвар халалдор гардад.
Дар ҳар ҷомеа, ҳар як инсон, хусусан ҷавонон бояд Ватани худро дӯст доранд, барои Ватан ҳамеша корҳои неку барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Ҳатто яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини мубини Ислом оиди волоияти арзишҳои ватандӯстӣ чунин аст: “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Боиси қайд аст, ки ҳар як фард дар назди Ватани худ баробари доштани ҳуқуқҳову, ӯҳдадориҳо боз масъулиятҳои бузургеро ҳам дорад. Инсони нектабиат бояд натанҳо Ватанашро дӯст дорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он, саъю кӯшиш намояд.
Шероз Тоҷибоев, номзади илми ҳуқуқ, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *