Ҷамъбасти озмуни “Таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия ва муқовимат бар он”

Санаи 25-уми феврали соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмун таҳти унвони «Таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия ва муқовимат бар он» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолона иштирок намуда, ба аъзои ҳакамон аз рӯи номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Шиори беҳтарин дар рӯзномаи деворӣ» ва «Ролики иҷтимоии беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар чорабинии мазкур Ҳусейнзода Давлат Саид – нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд.
Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

IMG_4785
IMG_4789
IMG_4801
IMG_4807
IMG_4814
IMG_4830
IMG_4835
IMG_4840
IMG_4846
IMG_4868
IMG_4869
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *