АМАЛҲОИ НАҲЗАТИЁН ХИЁНАТ АСТ!

Таърих гувоҳ аст,ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ то ҳол аз ғаразу ҳамоқатҳои худ даст накашида, ҳизбро ба Паймони миллӣ (ПМ) ном гузошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротии “Паймонӣ миллӣ” баромад намуда, кӯшиш дорад то ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотӣ ва таасубзада намояд. Бояд ёдовар шуд, ки афкори пучи ин ҳизб зеҳни даҳҳо ҷавононро мағшуш карда, сабаби ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳоро гардид. Ҳама амалҳои наҳзатиён хиёнат буд ба давлат, хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан ва хиёнат ба ҳамаи муқаддасоти ин марзу бум. Воқеан хиёнат бадтарин амал аст, ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Аксари қонуншиканҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТЭТ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳ низ иттиҳоми асосӣ ба худи ТТЭ ҲНИ-ПМ бармегардад. Дар иртибот ба ин,  равшантарин далели он Абдуҳалим Назаразода аст, ки даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид. Хиёнати аъзоён ва роҳбари  ТТЭ ҲНИ-ПМ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Он чӣ гузашт, агарчи гузаштаи начандон дури таърих буд, аммо дарси ибрат барои мо тоҷикон бояд бошад.

Натиҷаҳои нохалафиву хиёнати аъзоён ва роҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.

                                    А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *