САРЧАШМАИ ИФРОТГАРОИИ ИТТИЛЛОТӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати даҳсолаҳои охир рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар интернет зиёд ба чашм мерасад. Бисёр гурӯҳҳои террористӣ ва равияҳои гуногуни ифротӣ бо кӯмаки интернет, имконият пайдо кардаанд, бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ, махсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад. Вале, мутаассифона, ҷомеаи муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ ин инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи имрӯза мебошад. Лекин таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро проблемаи асосӣ нашуморида, онро дуюмдараҷа мешуморанд.Чунки он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин, муайян кардани манбаи он хеле душвор аст. Дар асл, ифротгароии иттилоотӣ бо падидаи таъсири лафзӣ доштан маҳдуд намешавад, балки дар худ ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ифротгароиро доро мебошад. Бояд қайд кард, ки дар ин раванд мафҳумҳои ифротгароӣ ва таъсири лафзӣ ба миён меояд, ки ин ду калима дар як мафҳуми умумӣ, яъне ифротгароии иттилоотӣ пайванданд, ки ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Ба ин мақсад он неруҳо ва воситаҳои гуногун – аз агентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ то ВАО – и ватанӣ ва хориҷиро ҷалб мекунанд. Чунончӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ  ва пайравонаш имрӯз дар кишвари Аврупо пагноҳ ёфта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла барномаи “Паймони миллӣ” баромадҳо намуда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофад. Воқеан ягона роҳ барои фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки Кабирӣ аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодааст. Таъкидан ба аъзоёни ТТЭ ҲНИ гуфтанием, ки имруз аз имконияти васеъи шабакаҳои иҷтимоӣ озодии сухан гуфта, ҳарчӣ ба забон орад сухан нагӯянд! Эҳтироми синну сол ва рафтору кирдор ва маданияти сухан гуфтанро бояд риоя намуд! Баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз муҳоҷирони кишвар дар бисёр шаҳрҳои Федератсияи Россия ва Аврупо мисли дигар миллатҳо қарор доранду танҳо як фикру андешаи солим доранд, ки ҳамеша дар кишвари маҳбубашон сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад, вале наҳзатиҳо баръакс!

Метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳаммиллатони гиромиқадр ва умуман тоҷикистониён муроҷиат менамоем, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллату давлати хеш, аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона хизмату меҳнат намоем ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат кашем. Мақсаду мароми мо ояндаи ободи давлату зиндагии шоистаи мардум аст, бояд роҳи интихоб намудаи Пешвои маҳбуби миллатамонро гиромӣ дошта, афзалиятҳои арзишҳои миллӣ ва умумидавлатиро эҳтиром намоем. Дар интиҳо бо суханҳои Пешвои муаззами миллат андешаи хешро ҳусни хотима мебахшем: “Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем”

 

 Ф.МАМАДҶОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *