Ҳамзамон, дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст. Вале, мутаассифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористӣ бо номи ҲНИ бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чи нақшаҳое таҳия намуда буданд, имрўз он тасдиқи худро ёфта истодааст.Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурўҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар мамолики Олмон -Дортмон ва шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъулини ТЭТ ҲНИ, хоса М.Кабирӣ, ки домони аврупоиҳоро гирифта,бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки баъзе аз кишвархо манфиатхои геополитикии худро пеша карда, аз стандартхои дугона истифода менамоянд. Аз чумла, қаблан Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки зери қаноти созмонҳои ба ном байналмилалию ҳифзи ҳукуқ ва озодиҳои инсон, ки хадафи аслиашон танҳо химояи манофеи кишвари муассис аст, минбархои таблиғотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онхоро маблаггузорӣ мекунанд. Аммо ин гуруххо ба хадафи нопоки худ нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд. Шахрвандони Точикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машакати хазорон нафар сокинон гардида, мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Сармуаллимаи кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Д. Файзиева