Қадрдонии ғолибони спартакиадаи варзишӣ дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 03.11.2021 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии Кумитаи иттифоқи касабаи командони маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Нозакзода Зулҳия – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯсобек Мироватов – Раиси иттифоқи касабаи командони маориф ва илми вилояти Суғд, Нуъмон Обидзода – муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Абдураҳим Қурбонов – сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд.
Аз тарафи Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд ба 30 нафар собиқадорони соҳа ва 110 нафар ятимони кулл ва маъюбони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касби туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон 42 нафар ғолибони спартакиадаи варзишӣ дар намуди шашка, шоҳмот, тениси рӯи миз ва волебол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар спартакиадаи варзишӣ устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ фаъолона иштирок карда, соҳиби диплом гаштаанд. Аз рӯи намуди шашка байни мардҳо, соҳиби ҷойи 3 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, дотсент Бобоев Ғ., байни занҳо, ғолиби ҷойи 3 дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Мирбобоева Т. ва дар намуди тениси рӯи миз дар байни занҳо ҷойи 3-ро ассисенти кафедраи ҷомеашиносӣ Абдуллоева Ш. гирифтаанд. Инчунин ба 5 нафар донишҷӯён тӯҳфа супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *