Пӯшида нест, ки имрузҳо ҳаммаслакону пайравони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли”, аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, дар кишварҳои Аврупо истода, бо тамоми роҳу воситаҳо, бахусус тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Чунончи, яке аз пайравони фаъоли наҳзатиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки солҳои қаблӣ ва дар давоми моҳҳои соли ҷорӣ, бештар тавассути шабакаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби думравонаш таблиғоти васеъ бурда, асосан оид ба дастовардҳои даврони истиқлол туҳматнома мебофанду симои як тоҷик ва тоҷикистониро миёни ақвоми дигар мерезонанд.
Бо ин васила дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Бешубҳа аз рафтору гуфтори М.Садриддин маълум аст, ки ин афроди беномус ва умуман, ҳама гуна ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. М.Садриддину думравонаш, умуман раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони наҳзатиҳо, ҳамон тудаи хоиноне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд.
Хулоса, Ҳадафи бадхоҳони давлату миллат аён аст, асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан, гумроҳ намудан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури М.Садриддин – суханбози мунофиқ, умуман аз раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони миллӣ” барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд. Аз ҳама муҳим зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд!
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз