ГУМРОҲОНИ ИҒВОПЕШАИ СИЁҲКОР

Вақтҳои охир яке аз пайравони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар яке аз кишварҳои Аврупо зиндагии муҳоҷирӣ дораду аз имконияту афзалият ои интернет истифода бурда, тавассути шабакаи ифротии “Ислоҳ.нет,”дар барномаи “Минбари муҳоҷир“ ровигӣ намуда, бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад менамояд. Барномаи ифротии мазкур бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғро пеша намуда, бештар бо матлабҳои гуногуни беасос кишвари моро зери танқид қарор медиҳад. Тудаи гумроҳшудаи ифротӣ зимни баромадашон такрор ба такрор нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “адолатпарвар ва ғамхор”-и миллат меҳисобанд.

Вале, дар зимн андешаи дигар доранд. Ин як зумра гумроҳони иғвопешаи сиёҳкор мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи кӯҳнаи наҳзатиҳо амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Хуллас, яке аз гуруҳаки ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Ба М.Садриддин – ровии барномаи “Минбари муҳоҷир” суол дода мешавад, ки ҳадафу мақсадаш барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик аст ё дигар масъалаҳо?! Ба ин савол посух додан душвор нест! Ба андешаи мо М.Садриддин ва умуман ҳаммаслаку пайравони худсохтаи наҳзат заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Яъне, М.Садриддин яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза чун М.Кабирӣ дар таҳлука афтодааст. Ин афрод бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухан мегўяд. Кас аз суханрониҳои бемантиқу беасоси М.Садриддин бо осони пай мебарад, ки ў дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, ақли худро бохтасту бар миллату давлати мо иғвогарӣ мекунад. Рафтору гуфтори М.Садриддин ва думравонаш, алалхусус Муҳаммад Тағоев aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд.

Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо омӯзгорон, умуман ҷомеаи имрӯзаи кишвар, аз кирдорҳои иғвогаронаи М.Садриддин комилан воқиф гардидаанд. М.Садриддин ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми боору номуси кишвар шумоён гумроҳони иғвопешаро доимо маҳкум менамоянд. Чунки мақсаду нияти роҳгумзадаи иғвопешаи сиёҳкор хиёнат ба давлату миллат ва теша задан ба решаи миллат аст!

А. ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *