СОЗМОНҲОИ МАМНУЪ ВА ТЕРРОРИСТИВУ ИФРОТГАРО ДАСТ БА ЉИНОЯТ МЕЗАНАНД!

 Имрӯз тафаккури танги созмонҳои мамнўъ ва умуман фаъолияти харобиовари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, ватани мо ва зиндагии ободу осудаи моро ҳадафи ғаразноки худ қарор додаанд. Ин аст, ки мубориза бо ин «Вабои аср» як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯст, новобаста аз касбу кор, синну сол ва аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин мубориза саҳми худро гузорад.

 Таҳлилҳо собит менамояд, ки воқеан тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои минтақаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин қувва бошад.

 Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористии ба ном «давлати исломӣ» (ДИИШ)ва ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Чунончӣ, тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламвраи ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз миқдор “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) – 26 нафар, “Салафия” – 45 нафар, “Гурӯҳи 24” – 13 нафар, ТТЭ ҲНИ – Паймони милли – 10 нафар. “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “Ал-Қоида” – 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар дастгир шудаанд.

Албатта, ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва боору номус дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он мубориза мебарад. Вале, дар масъалаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ бояд гуфт, ки хатари он натанҳо ба Ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода, талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем.

 МАМАДҶОНОВА М.,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *