ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА СУЛҲОФАРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид. Дар Паёми хеш, Президенти кишвар оид ба натиҷаҳо, дастовардҳо ва руйдодҳои муҳиме ки дар соли 2025 ба даст омаданд, қайд карда гузаштанд. Алалхусус, “Руйдоди муҳими таърихӣ -ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам овард” – иброз доштанд Сарвари кишвар.
Воқеан, Осиёи Марказӣ имрӯз ба фазои боварӣ, ҳамсоягии нек ва дӯстӣ табдил ёфтааст. Заминаи муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказиро имрӯз муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда, ҳамчунин ҳалли ҳамоҳанг шудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад. Дар ин зимн, бо роҳи сулҳ ҳал гаштани масъалаҳои марзӣ миёни кишварҳои минтақа ин воқеиятро тасдиқ намуд. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд ва мусбатро гирифт. Вобаста ба ин, 21 декабри соли равон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба робарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагӣ ва ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳимро мебозад. Он ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти рӯзафзунро ҳал намуда, ба пойдории субот ва рушду боустувори давлатҳо мусоидат намояд. Ҳоло, дар минтақа барои таҳкими ҳамгироӣ фазои мусоид фароҳам омадааст. Баргузор гаштани ҳафт Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар солҳои охир инро собит сохт. Баробари ин, Тоҷикистон аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ-ро ба ӯҳда гирифт. 10 октябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ин созмон баргузор гашт. Инчунин, 9 октябри соли равон ҳамоиши дуюми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд. Рӯзномаҳои ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавиро дар бар гирифт.
Дигар рӯйдоди муҳиме ки дар соли 2025 ба вуҷуд омад, ин мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ин конфронро дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор намуд
Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Қатъномаи мазкур дастоварди дигари муҳим дар соли ҷорӣ мебошад.
Дар ин радиф, бояд зикр кард, ки Тоҷикистон зиёда аз бист сол мешавад, ки тадбирҳои худро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти обу иқлим пеш мебарад. Аз ин ҷост, ки якчанд ташаббусҳои кишвари мо дар ҳалли масоили обу иқлим бо қатъномаи Созмони Милал қабул шудаанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» мебошанд.
Ҳамзамон, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст. Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қатънома оид ба эълон намудани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” якдилона қабул гардид.
Ташаббусҳои мазкур дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун майдонҳои байналмилалии “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” пазируфта шудааст, ки обру ва нуфузи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Хотиррасон бояд кард, ки Ташаббуси мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми МУ СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Қабул гардидани санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ қадами муҳиммеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад. Илова бар ин, қатъномаи зикршуда ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян менамояд. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Имрӯзҳо, бо мураккабу вазнин гаштани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, раванди поймол гаштани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Бо дар назардошти ин раванд ва бомуваффақона татбиқ намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ, 2024” дар Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милал имконияти эълон намудани “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқи”- ро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват намуданд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд. Боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Қабули гаштани санади мазкур рӯйдоди муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ташвиқу огоҳ намудани давлатҳо бо мақсади риояи ҳуқуқ, адолат ва масъулиятпазирӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин қатънома нақши созандаи Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.
Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё ба ҳисоб мераванд. Гузаштагони мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Дар замони истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНЕСКО ба дастовардҳои назаррас муваффақ гашт. Танҳо дар соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.
Тоҷикистон, ният дорад, ки солҳои минбаъда боз дигар ёдгориҳои фарҳангӣ ва шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷикро ба руйхати ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳод намояд.
Дар ин росто, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Дар баробари дастовардҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНЕСКО, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки мерос ва аҷдодони худро омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Зимни Паёми хеш Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба вазъи кунунии ҷаҳон диққати аҳли нишастро ҷалб намуда, қайд карданд: “Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад”. “Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем” – таъкид карданд, Пешвои миллат.
Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон то ҳол мураккабу пурҳассос боқӣ мондааст. Алалхусус вусъатёбии ҷангу низоъҳои мусаллаҳона дар баъзе минтақаҳои гуногуни олам, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хавфу хатарҳое мебошанд, ки ба суботу оромӣ ва рушди тараққиёти кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Ҳамзамон, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба монанди гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ ва камобӣ ба раванди рушди устувори давлатҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кушишу тадбирҳои худро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва ҳалли мушкилоти обу иқлим дар ҷаҳон равона карда истодааст.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш зикр карданд, ки “Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод”.
“Ҳамзамон бо ин, барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард” – иброз доштанд, Сарвари кишвар.
Ҳамин тариқ, дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастоварду рӯйдодҳои муҳим ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ироа шуданд. Маҳз, таҳти роҳбарии Пешвои миллат мақому манзалати Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯсту созанда дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд ва симои мусбати кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким ёфт. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат дар тақвият ёфтани обру ва нуфузи кишвари мо дар ҷаҳон хело бузург аст. Моҳияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро имрӯз сафарбар намудани саъю талош барои ҳалли масоили сайёра, аз қабили мухолифатҳо, ҷангу низоъҳо ва ҳамчунин мушкилоти обу иқлим ташкил медиҳад. Ба шарофати чунин сиёсат ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари кишвар, Тоҷикистон тавонист бо зиёда аз 187 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намояд ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардад. Дар ин росто, мо боварӣ дорем, ки боз дигар ташаббусҳои созандаву сулҳофари кишвари мо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул хоҳад ёфт.

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович
муаллими калони кафедраи
ҷомеашиносӣ, ДИС ДДТТ
дар ш. Хуҷанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *