Ҷабҳаҳои инсонбадбиниву фашистии ТТЭ ҲНИ фош гардид

Агар ба фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИ назар афканем, маълум мегардад, ки ин ташкилот аз бунёд хислати экстремистиву террористӣ дошта, асоси онро идеологияи инсонбадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ ва фашистӣ ташкил медиҳад. Ҷаҳонбинии наҳзатиҳо бар пояи тасаввуроте шакл гирифтааст, ки худашон онро ҳамеша хақиқати мутлақ меҳисобанд ва дигаронро бадандешу ноҳак мешуморанд. Бар асоси идеологияи наҳзатӣ бояд дигарандешро кушт ва дар роҳи куштани дигарон худро низ фидо кард. Аз ин рӯ, афкор ва аъмоли эшон бо идеология ва аъмоли фа­шистӣ ҳамсон аст.

ТЭТ ҲНИ ханӯз аз охири солҳои шӯравӣ ба фаъолиятҳои экстремистию террористии худ оғоз намудааст. Ба ин ҳақиқат матлаби Иззатулло Саъдулло, номзади илмҳои таърих, узви собиқи ТЭТ ҲНИ. Собиқ роҳбари ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур, ки таҳти унвони «ҲНИ ва ДИИШ» дар мутбуот чоп шуд, рӯшанӣ меандозад. Далелҳои дар мақола овардашуда, нишон медиҳанд. ки ҲНИ аз ибтидо ташкилоти экстремистию террористӣ буда, амалан аз солҳои 1989 амалҳои таҳрибкоронаро дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) оғоз кардааст. Тибқи далелҳо ин гуруҳ амалҳои экстремистиро маҳз аз масҷидҳо cap карда, ҳанӯз дар давраи шӯравӣ бо калтаку корд ва оҳану арматур ба одамон ҳамла мекарданд. Маҳз аз масчидҳо шурӯъ намудани нооромию зӯроварӣ. масҷидро аз макони муқаддас ба макони шарорату муқовимат табдил додан амали касифонаи ТЭТ ҲНИ буд. То ин за­мон мардуми тоҷик чунин зеҳнияте дошт, ки масҷид макони муқаддас аст ва онҳо ба ҷуз аз ибодат анҷоми амали дигар раво нест.

Баъд аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, замоне ки кишварҳои тоза ба истиқлол расидаи иттиҳод дар ҳоли тақсими мерос буданд. ТЭТ ҲНИ бо такя ба сармоягузорону хоҷагони хориҷиаш барои ба даст овардани ҳокимият дар кишвари мо ба набарди мусаллаҳона даст зад ва хукумати конститутсиониро дар соли 1992 ғасб намуд. Кишварро ба майдони ҷанг, катлу куштор табдил дода, боиси парокандагии маъмурӣ дар ҷумҳурӣ гардид ва ҳокимиятро дар саросари Тоҷикистон фалаҷ намуд. Мусаллаҳшавии наҳзатиён ба фаъолияти экстремистии онҳо тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои хусусияти террористидошта пардохтанд, Кушторҳои ваҳшиёнае, ки солҳои 1992 дар бинои ҳаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш террористони наҳзатӣ анқом додаанд, назирашро таърих ёд надорад. Ин гурӯҳ, ки имрӯз нашармида аз миллату инсоният ҳарф мезананд, хиёнатҳояшон ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа ва аз инсонкушиҳои фашистон дар ҶБВ камтар нест.

Дар мақолаи ёдшуда сухан дар бораи зиндонҳои ихтироънамудаи ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон меравад, ки фикр мекунам дар ҳеҷ кишвари муосири ҷаҳон чунин навъи шиканҷа ва аъмоли зиддиинсонӣ ба назар намерасад. Имрӯз, ки инҳо даъвои донишмандиву нобиғагӣ доранд ва ихтирооти илмиву дастоварди олимонро ночиз мешуморанд, дар давоми мавҷудияти худ як кашфиёт кардаанд ва он ҳам кашфиёти «бочка-зиндон» буд. Наҳзатиҳо дар даруни бочкаҳои оҳании барои истифодаи об ва бензин истеҳсолшуда одамонро зиндонӣ намуда, бо бадтарин шева мекуштаанд, ки аз ин ихтироъ то солҳои 2000-ум ҳам, баъзе аз пайравони ТЭТ ҲНИ истифода намуда буданд.

Солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо як қатор силсилакушторҳоро анҷом додаанд, ки ҳатто пас аз имзои Созишномаи истикрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ идома ёфт. Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки ин ҳизби террористӣ – экстремистӣ, ки айнан чун ДИИШ мебошад, бо фаъолиятҳои зиддиинсонии худ ҳазорон хонадони тоҷикро аз саробони оилаву аз ҷигарбандон маҳрум намудааст. Амалҳои террористии наҳзатиҳо, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат ва ҷафоест, ки аз тарафи ин гурӯҳ содир шудааст. Имрӯз роҳбарони фирории ТЭТ ҲНИ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ва худро инсонҳои мутамаддин вонамуд мекунанд, чунин пиндореро дар зеҳни худ мепарваранд, ки гуё бо гузашти вақт аъмоли зиддиинсониашон ба фаромушӣ рафтааст, вале бехабар аз онанд, ки дар саҳифаҳои таърих ва дар зеҳни мардум даҳшатафканию қатлу ғорати фашистонаи онҳо боқӣ хоҳад монд.

Қудурати ботинӣ ва идеологияи фашистиву инсонбадбинии назҳатиҳо боиси он гардид, ки солҳои 90 – уми асри гузашта миллатҳои ғайри тоҷик ва ғайри мусалмон низ мавриди ҳамла ва куштор қарор гирифтанд.

Тавре дар мақолаи зикршуда ишора мешавад, дар соли 1995 ба таври дастаҷамъӣ қатл кардани сарбозони нерӯҳои марзбонии Русия, соли 1997 ба қатл расондани намояндагони ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар Тавилдара бозгӯи он аст, ки онҳо миллатҳои дигарро таҳаммули дидан ва дар як фазо бо онҳо зиндагӣ карданро надоранд. Аъзои дастгиршудаи ТЭТ ҲНИ Қудратов Саидмуҳриддин Муҳибуллоевич ва Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, ки дар рӯҳияи инсонбадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ ва фанатизми исломӣ тарбият ёфта буданд, моҳи июни соли 1994 дар шаҳри Душанбе бо дастури роҳбарони ифротии худ хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хрестофоров Сергей Евгеневич, Захаров Александр Юревич ва, ҳамчунин, шаҳрвандони рустабор Кленова Флора Бакировна, Онишюк Татяна Александровнаро бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ба қатл расонданд.

Тааҷҷубовар аст, ки бо ин ҳама аъмоли ғайриинсонӣ, имрӯз фирориёни наҳзат аз озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд. Дар ҳоле, ки дасташон олудаи хун асту тавони дидани дигарандешон, аққалиятҳои миллиро надоштанд ва аз ҳеҷ як куштори ваҳшиёна худдорӣ накардаанд. Феълан, ин гурӯҳ дар Аврупо бо роҳи шиорпароканӣ мехоҳад, аврупоиёнро гул занад, ки инҳо воқеан демократанд ва барояшон ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон «арзишманд» аст. Вале ин ҳарфҳо танҳо баҳонаест, то худро аз қабзаи террористӣ орӣ нишон диҳанд ва аз ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои содир намудаи худ дар канор монда, ба фаъолияти таҳрибкоронаи хеш идома диҳанд.

Абдураҳим Шарипов,
мудири кафедраи математикаи олӣ
ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ,
номзади илмҳои физика-математика, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *