Ақидаҳои иғвоангезро дар сомонаҳои интернетӣ маҳкум менамоем!

Дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик воқеъаҳои бисёр муҳим ҳастанд, ки дар пешрафти ҷомеаи имруза нақши муҳим гузошта ба халқи тоҷик хамчун дарси ибрат ва таҷрибаи зиндаги хоҳад шуд. Мисоли одди ки барқарор гардидани “Сулҳу Ваҳдати миллӣ” дар кишвар ин асос шуда метавонад, ки имруз халқӣ ҷумҳурии аз ин корнамоиҳои бемисли миллати тоҷик намунаи ибрат гиранд. Агар ба тамоми ин пешравиҳои мамлакат назар афканем бевосита дар соҳаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сабаб шуда метавонад, ки ин бевосита барои барқарор кардани манавиётӣ бузурги миллати тоҷик асос гузошта мешавад.

Агар бар ҳодисаи солҳои 90-ум назар афканем баъдаз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати муайян алангаи ҷанги шаҳрвандӣ фарогирифт, ки ин бевосита аз паст будани шуурнокӣ мардум ҳамчунин надонистани таълимоти дини сабаб гардидааст, ки имруз ҷавонони бегуноҳ надониста ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуруҳҳои иғвоангез шомил гардида истодааст.

Дар асоси Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такя ба моддаҳои он қайд кардани ҳастам, ки имруз бевосита дар моддаи аввали Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Дар асоси моддаи дар боло қайд гардида ба хуллосае омадан мумкин аст, ки имруз дар кишвар волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қайд карда шудааст. Бевосита аз мафҳуми “Дунявӣ” будани давлат бар меояд, ки имруз бевосита давлат динро дар назорати худ нигоҳ медорад, ва ана ҳамин замина асос мешавад, ки имруз сари роҳи ҳамагуна ҷиноятҳои номатлаб ва шомилшави ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо пешгири карда шавад.

Лекин дар ҳама давру замон шахсони бадхоҳи давлату миллат ба руи саҳна меоянд, ки бевосита мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ниятҳои нопоку иғвоангезӣ худро амали созанд, ки мисли ин гуна шахсон ба монанди Мирзои Салимпур ва ҳаммаслакони ў мебошанд, ки имруз дар хориҷи мамлакат истиода бар зидди давлати худ низо барангехта истоадаст. Ҳатто имруз давлатҳое ба назар мерасанд, ва ҳамчунин кўшиш менамоянд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ягон низоҳои сиёсиро баранггезанду худаш мисли як давлати бегуноҳ тамошобини ин низоҳои сиёси гарданд.

Имруз ин шахсоне, ки бар зидди миллати худ силоҳ бардошта ҷанг мекунанд ҷавононе ҳастанд, ки бевоситафирефтаи суханонӣ бардурӯғи хоҷагони худ гардидаанд намедонанд, ки бар манфиати ки?. ва барои чӣ?. мубориза бурда истодаанд. Ин ҳамон гуруҳҳои террористию экстемистӣ мебошанд, ки дар хориҷи мамлакат истода бо паҳн кардани ҳар гуна маълумотҳои нодуруст нисбати сиёсати имрузаи давлат нисбати кормандони сохторҳои қудрати он ақидаҳои ғалатро паҳн карда истодаанд. Аммо имруз шаҳрвандони кишвар медонанд, ки барои ба ин дастовардҳо ноил гардидан нақши кормандони мақомотҳои қудрати ва пеш аз ҳама кўшишу заҳматҳои бевоситаи Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург мебошад.

Парвина Исмоилова,
устоди кафедраи забонҳои хориҷии
ДИС ДДТТ, номзади илмҳои филологӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *