
Имрӯз терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) чун вабои аср имрӯз аҳли саёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ ҳамлаву ҳуҷумро эҷод менамояд. Ин падидаи манфӣ яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки манфиатҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат асосан бо ҷалби ташкилотҳои террористиву ифротӣ зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Бе ягон шубҳа ташкилотҳои террроритиву ифротгароӣ бо пуштибонии кишварҳои абардқудрат дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Бояд қайд кард, ки таъсири террористӣ ба фазои ҷаҳони дини мубини Ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо дини мубини Ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти террористӣ солҳои охир шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои худро пайгирӣ намуда истодаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки имрӯз вобаста аз вазъи кунуни ҳамсояи кишвар- Афғонистон, асосан ҷангҷӯёни ташкилоти терористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва ДИИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, ки дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият дошта, солҳои охир ва аз оғози соли равон амалҳои террористӣ анҷом доданаш ба назар мерасад.Чунончи 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Кобул, амалитеррористӣ содир намуд, ки дар натиҷа беш аз ҳафт нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали мудҳишро ДИИШ ба ӯҳда гирифтааст. Баробари ин, бояд ёдовар шуд,ки ки ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд. Ҷангҷӯёни ДИИШ бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Илова бар ин, моҳи ноябри соли 2025 дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар натиҷаи ду ҳамлаи террористон 5 коргари чинӣ кушта шуданд.
Хулоса, ҳамаи амалҳои террористӣ аз он далолат менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Бинобар ин, нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруњњои террористиву экстремистӣ, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Аз ин лиҳоз, дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободие, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои беҳтаринеро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатмандона аст, ҳамвора идома бахшанд.
М.МАМАДҶОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ
