ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади роҳгумзадагони ифротӣ дар канали YouTube -”Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.), аз 08 .02.2026 сол

Мо, омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳороти хеш вобаста ба баромади навбатии роҳгумзадаи ифротӣ -М.Садриддин,ки яке аз пайрави фаъоли наҳзат мебошад, дар давоми солҳои охир, бештар тавассути канали YouTube- “Ислоҳ.тv”(“Ислоҳ.нет.”), дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ровигиро ба уҳдаи худ гирифта, бо ҷалби шогирдону думравонаш баромадҳои ифротӣ менамояд, андешаҳои хешро иброз дошта, сараввал онро маҳкум менамоем. М.Садриддин дар баромади навбатиаш, санаи 08 феврали соли ҷорӣ худро боз “уламои дин”намоиш дода, бо ҷалби думрави фаъолаш Абдулло, бо номҳои сохта, аз ҷумла:”7+70”,”04”,”Ватсап” ва як

шаҳрванди кишвари ҳамсоя-Афғонистон, гуё тоҷиктабор аст, нисбат ба давлату миллати кишвар суханони таҳқиромез ,камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, таблиғи андешаҳои ботилро баён доштанд. Аз баромади ин тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мақсадашон рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани уммеду орзуи мардум ва хуллас мақсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад. Дар иртибот ба баромади шаҳрванди Афғонистон гуфтанием, ки нисбати кишвари мо пеш аз сухан кардан, андаке андеша кунад!!! Хуб мешуд, дар бораи сулҳу субот ва вазъи кунунии кишвари худ, алалхусус қазияе,ки 19 январи соли равон, дар яке аз тарабхонаи чинӣ, дар маркази Афғонистон амали террористӣ рух додааст, ба ёд оварад. Зимни таъкиди ниҳоди Созмони Милал Муттаҳид дар натиҷаи зулми мунтазами занон ва духтарон дар Афғонистон маҳрумият аз дастрасӣ ба таҳсил, манъи кор ва маҳдудиятҳои ҳаррӯза қобилияти онҳоро барои дифоъ аз худ заиф кардааст ва оқибатҳои он ба наслҳои оянда таъсир хоҳанд гузошт. Ба андешаи мо ҳар фарде, ки нисбати миллату давлати ҳамсоя сухан кунад, фаромӯш набояд кард, ки бо ҳар гуна баҳонаву даъво теша ба решаи робитаҳои дӯстона мезанад. Хуллас, тоҷиктабори афғонӣ ҳиссаи халқи тоҷикро дар таълиму тарбияи ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоии насли пешинаашон бояд бо эҳтироми хос ёдоварӣ намояд. Ва дар ин асос ҳурмату иззати ҳамсоягиро риоя намояд. Таърих гувоҳ аст,ки мо тоҷикон ҳамеша ҷӯёи дӯстӣ, оини бародарӣ, якдилӣ ва ҳамбастагӣ будем, ҳастем ва дар оянда низ чунин хоҳем монд.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки баромади навбатии бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд мувофиқ aст. Дар фароварди изҳороти хеш қайд менамоем,ки мо бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, барои решакан кардани аќидаҳои ифротӣ бояд муборизаи беамон барем, ки ин яке аз масъулияти муҳимтарини шаҳрвандиву фарзандии мост!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *