
Имрӯз раванди сиёсии ҷаҳони муосир собит месозад, ки давлатҳои муайян барои манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва идеологии худ бо ҳар роҳу восита ва шиору ваъдаҳои дурӯғ мехоҳанд ба мардуми кишварҳои дигар ҳукумат намоянд.
Мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷеаовар дар як қатор кишварҳои олам ҳастем. Масалан, ҳамсоякишвар – Афғонистон бар асари рақобатҳои шадид қурбони манфиатҳои геополитикӣ гаштааст. Алалхусус, созмони тундрав «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ё бо номи “Давлати исломӣ”, ки на танҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя амалҳои террористӣ содир менамояд, балки баробари дигар пайравони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ тавассути иттилоот ба мафкураи мардум таъсир расонида, онҳоро бар зидди давлат омодаи ҷанг менамояд.
Хуллас, то имрӯз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон як таҳдиди амниятии ҷиддӣ боқӣ мондааст. Бо вуҷуди саркӯб шуданаш аз ҷониби ҳаракати “Толибон”, ин гурӯҳ ҳамчунон ба низомиён ва манотиқи мухталиф ҳамла мекунад. Масалан, 19 январи соли 2026, дар маркази шаҳри Кобул, дар тарабхонаи чинӣ, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд.
Баробари ин, бояд қайд кард, ки тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ҷангҷӯёни ДИИШ минтақаи Хуросонро ҳамчун маркази умдаи тарҳрезии ҳамлаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нигоҳ медоранд. Ба сари қудрат омадани “Толибон” иддао дорад, ки фаъолияти гурӯҳро маҳдуд кардаанд, аммо коршиносони International Crisis Group таъкид мекунанд, ки онҳо зарфияти комили решакан кардани ДИИШ-ро надоранд.
Созмони мазкур ҳамчунон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари идеологӣ ва амалиётӣ дорад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар гузориши Шӯрои Амнияти СММ дар соли 2026 таъкид гардид, ки созмонҳои террористӣ аз қаламрави Афғонистон ҳамчун паноҳгоҳ истифода карда, хатари ҷиддӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ эҷод мекунанд.
Воқеан, омӯзиш ва таҳлили масъалаи зикргардида собит менамояд, ки барои сарнавишти минбаъдаи кишварҳои ҷаҳон, алалхусус минтақаи Осиёи Марказӣ, омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динӣ дошта, дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа, дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини мубини Исломро ҳифз намоем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
М. МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
