
Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, зимни изҳороти хеш борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пойгоҳеро бо номи “Ислоҳ” таъсис дода, мунтазам тавассути канали YouTube дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои иғвоангезона менамояд, бо далелҳои раднашаванда амалҳои муғризонаи ӯро шадидан маҳкум намуда будем.
Бояд қайд кард, ки ин навбат М. Садриддин 3 майи соли равон дар барномаи ифротии зикршуда баромад намуда, боз фитнаангезиву дасисабозии иғвоангезонаро пешаи худ намуд. Ифротгари иғвоангез бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Абдулло, Муҳаммад Тағоев ва як қатор номҳои сохтаи ғайриодӣ, аз қабили “7+70”, “Регарӣ”, “Кофарниҳон”, “Ватан 665” ва “Ватсап”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” оид ба масоили гуногун, аз ҷумла борони пуршиддат — офати табиӣ дар шаҳри Душанбе, оид ба зиндониёни сиёсӣ, даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ ва нисбат ба фаъолияти Президенти Русия суханҳои кабеҳи ифротӣ баён намуданд, ки ба ягон қолаби инсонӣ рост намеояд.
Зимни баромад ва намоиши видеоӣ ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷароро аз як ҳодисаи тасодуфӣ гирифта, “аз пашша фил месозанд”. Умуман, вобаста ба обу ҳаво масъалаҳоро тағйир дода, мехоҳанд онҳоро ба манфиати худ ҳал намоянд.

Баробари ин, М. Садриддин аз бинандагони барнома барои пардохти музди меҳнати кормандони пойгоҳи “Ислоҳ.нет” кумак пурсид. Бо ибораи дигар, М. Садриддин талбандагӣ карда, гӯё маоши кормандон моҳи апрел пардохт нашудааст ва бо ин роҳ мехоҳад маблағҳои бедардимиёнро ба даст оварад.
Илова бар ин, бадхоҳони миллат бе асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд. Мо, ҷавонон, аз баромадҳои ифротии М. Садриддин ва думравонаш ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама амалҳо кӣ меистад ва ин тоифаи камхираду ифроткор чӣ ҳадаферо дунболагирӣ менамоянд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони боору номуси кишвар, биёед яктаниву якдилӣ нишон дода, давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем ва бар зидди ин бадхоҳон муборизаи беамон барем.
Хулоса, мақсад аз ин изҳорот он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама муттаҳид бошем.
