ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Имрӯз таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Масалан «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом»( ДИИШ, “Давлати исломӣ”, ДОИШ) ва Ал-Каида, яке аз созмонҳои байналмилалии террористӣ мебошанд, ки бо вуҷуди решаҳои муштараки мафкуравӣ, дар робита ба раҳбарият, тактика ва ҳадафҳои стратегӣ бо ҳам рақобати шадид доранд. Созмонҳои зикршуда бо мақсади анҷом додани ҳамлаҳои мусаллаҳона, паҳн кардани тундгароӣ ва ноором кардани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таъсис ёфтаанд ва дар аксари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, мамнӯъ эълон шудаанд.
Баҳри пешгирӣ ва монеъ шудан ба фаъолиятҳои ин гуна созмонҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷатори кишварҳои дигари минтаҳа таҳдидҳои афзояндаи ифротгароӣ ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.
Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ ҷадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХI аз қабили терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид. Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мўҳлат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рўзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва ифротгароиро қотеъона маҳкум менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ буданд ва ҳастанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.
Хулоса, имрўз терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чи тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст ва набояд фирефтаи он гашт.”
Умуман, мақсадҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои террористӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Сиёсати зиддитеррористии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ, истиқлолият ва тамомияти арзӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодњои љомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд, ки он имруз ба назар мерасад.
Аз масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ бояд, ки барои пойдор нигоҳ доштани ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад. Зеро, ин марзу бум аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро ба мисли ҷон дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем. Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омиле онро халалдор созад.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *