
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ пайдо намудем, ки раҳбарияту ҳаммаслакони ҳаракати сиёсӣ – Гуруҳи-24, ки фаъолияташ дар кишвар манъ аст, бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ, соли равон, аз ҷумла дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ тавассути барномаи “Садои мардум”, ровиаш Беҳруз Тағойзода мебошад ва дигаре Ҳусейн Ашуров ровигии

барномаи “Хақ ва ботил”-ро ба ӯҳда гирифта, бо ҷалби думравонашон баромадҳои иғвоангезона намуда истодаанд. Пиромуни ин масоил ибрози андеша менамоем. Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ҳаммаслакони зикршудаи “Гурўҳи -24” таври комил дастпарвари бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди халқи тоҷик мебошад. Умуман, ҳама гуна даъвоҳои фирориёни гурўҳи мазкур дар хориҷа пучу бедалел буда, ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Боздошти шахсиятҳо ва собиқадорони “Гуруҳи 24” собит месозад, ки ин афрод дар макотиби хориҷӣ усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалї намудаанд ва боз кўшиш доранд. Баробари ин, бояд ёдовар шуд,ки тибқи иттилои нашрияи русии “Коммерсант” аз моҳи апрели соли равон бо даъвои маъмурӣ ба додгоҳи ноҳиявии Октябри шаҳри Иваново прокурори вилояти Иваново Андрей Жугин муроҷиат карда, хостааст “Гурӯҳи 24” дар Русия ҳамчун созмони ифротгаро эътироф ва фаъолияташ манъ карда шавад. Дар дархости расмӣ додситон иддао кардааст, ки ин созмон қаблан бештар зидди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мебурд, аммо баъди оғози ба гуфтаашон амалиёти низомӣ дар Украина ба зидди ҳукумати Русия кор карда, ин кишварро бадном сохтааст ва дар сомонаҳояш маводи марбут ба полки “Азов” ва “Сектори рост” нашр шудаааст.
Дар фароварди изҳороти хеш қайд менамоем,ки мо зимни изҳоротҳои ҳамешагиамон даъъват ба амал оварда будему боз меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи “Гуруҳи 24”, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, бовар накунед. Зеро ҳамин афроди дохиливу берунӣ аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад. Раҳбарияту ҳамммаслакони “Гурӯҳи 24” то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, зимни баромадҳояшон боз ҳам кўшиши дубора тафриқаандозӣ мекунанд. Хуллас, халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки хиёнаткори давлату миллат, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаю иғвогарӣ нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.
