ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Бе ягон шубҳа ба мушоҳида мерасад, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ, аз ҷумла дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст. Таҳлили ҷараёни вазъи сиёсии Афғонистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмиллалӣ дар маҷмӯъ ба амнияти тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо кардааст. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми Афғонистон омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Ноустувории вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, бекории зиёд дар қаламрави Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки шумораи гурӯҳҳои ҷангӣ дар кишвари ҳамсоя афзояд. Масалан аъзоёни созмони террористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ),амиқтараш шохаи вилояти Хуросони гурӯҳи мазкур дар Афғонистон як таҳдиди амниятии воқеӣ ба шумор меравад. Онҳо бо истифода аз нобасомониҳо ва муноқишаҳои дохилӣ дар бахшҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла Кобул ва шимоли Афғонистон, фаъолият доранд. Тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар қаламрави Афғонистон ҳудуди аз 2 то 3 ҳазор тан аз ҷангиёни ДИИШ ҳузур доранд. Баробари ин, дар бораи бадбахтии дигар ин гардиши маводи мухаддир танҳо дар соли 2025 дар марз бо Тоҷикистон тақрибан 2,7 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ зиёдтар аст. Аз ин рақами оморӣ хулоса бароварда, бояд қайд кард, ки ин сироят аз таҳдиди террористӣ бадтар нест, зеро ояндаи минтақаро мекушад, зеро нашъамандӣ як вабоест, ки пеш аз ҳама ҷавононро фаро мегирад. Хуллас, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар дар кишвар тавассути тақвияти сарҳади давлатӣ, амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати гардиши симкортҳо ва мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша амалӣ мегардад. Ин тадбирҳо барои ҳифзи амнияти ҷомеа ва пешгирии маблағгузории терроризм муҳиманд. Умуман, барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то дар баробари роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, мардумро огоҳонем. Ҳамчунин, боло бурдани сатҳу сифати омӯзишу парвариш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олӣ, ки заминагузори рушди шахсияти солими иҷтимоиӣ ба ҳисоб мераванд, таҷдиди назар карда, дар ин замина тақвият бахшидани ҷаҳонбинии илмӣ ва дар рӯхияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас аз чораҳои муассир дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *