
Пушида нест, ки имрӯз терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯз шинохта шуда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад. Дар робита ба ин, муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву ифротгароӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Вобаста ба масоли мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд. Дар соли 2022 дар Тоҷикистон 1200 ҷиноят вобаста ба терроризму ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2025 содиршавии ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ назар ба як соли 2024 беш 314 адад ё 23 дарсад кам шуда, дар се соли охир 73.3 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ин рақамҳо ба хулоса омада, бояд қайд кард, теъдоди ҷиноят марбут ба терроризиму ифротгароӣ кам шуда бошад ҳам, мутаассифона то имрӯз ҷавонон ҳадафи аслии ифротгароён ва террористон қарор доранд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.
Таҳлилу таҳқиқҳо собит кардаанд, ки дар даврони ҷавонӣ шахсият ҳанӯз пурра шакл нагирифтааст ва эҳсосот аксаран аз мантиқ болотар меистад. Ҳамин аст, ки ҷавонон аксаран дар пайи дарёфти мазмуни тозаи ҳаёт, адолат ва худшиносӣ мебошанд. Гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ маҳз аз ҳамин ҳолати руҳию равонии ҷавонон истифода мебаранд. Онҳо ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғи «адолат», «қаҳрамонӣ», «ҳифзи арзишҳо», «ҳаёти беҳтар» фиреб медиҳанд ва ба доми худ гирифтор месозанд. Баъзан ҷавононе, ки худро танҳо, бекор ё ноумед ҳис мекунанд, ба чунин таблиғот зуд бовар месозанд ва ба он дода мешаванд. Мутаассифона, ҷавононе, ки ба ин дом меафтанд, бо усулҳои озмудашудаи ин гуруҳҳо мағзшӯйӣ мешаванд ва аз ин роҳ баргаштан барояшон ниҳоят душвор аст. Ҳатто лаҳзае, ки қимати “арзишҳо”-и дурӯғини ин гуруҳҳо барои ҷавонони гирифтор ошкор гардида, онҳо аз ин роҳ бозгаштанӣ мешаванд, гуруҳҳои тундрав аз таҳдидҳо дар муқобили ҷони ҷавонон ва наздикону пайвандони онҳо кор мегиранд. Яъне, ин “суҳбатҳои самимӣ” ва пур аз эҳсосот, “ғамхорию дилсӯзию ҳамдигарфаҳмии аввалия” фақат барои ба дом афтондани ҷавонон асту бас. Гурӯҳҳои радикалӣ худро зуд ба вазъияту ҳолат мутобиқ мекунанд. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи асосии ҷалби ҷавонон табдил ёфтаанд. Видеову наворҳои таҳрифшуда, суханрониҳои эҳсосотӣ ва матолиби таблиғотӣ ба осонӣ паҳн мешаванд. Гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз забони содаву таъсирбахш ва шиорҳои ҷолиб нуқтаи назар ва шуури ҷавононро тадриҷан тағйир медиҳанд. Дар баробари омилҳои зикршудаи берунӣ барои ба доми ифротгароӣ афтодани ҷавонон як қатор омилҳои дохилӣ низ мавҷуданд, ки муҳимтарини онҳо паст будани сатҳи маърифатнокӣ ва надоштани тафаккури интиқодӣ мебошад. Дар иртибот ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш-соли 2026 таъкид намуданд: “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.
Дар фароварди андешаи хеш ,хуосабарорӣ намуд, қайд менамоем,ки терроризм ва ифротгароӣ танҳо мушкили як давлат ё минтақаи алоҳида нестанд, онҳо хатар ва таҳдид ба тамоми ҷомеаи башарӣ мебошанд ва алалхусу зарбаи онҳо пеш аз ҳама ба ҷавонон нигаронида шудааст. Барои эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ин вабои марговар, ҳамкории самарабахши аҳли ҷомеа, корхонаю ташкилотҳо, бахусус муассисаҳои таълимӣ ва оила бо ниҳодҳои давлатӣ шарти зарур аст. Илм, маърифат, фарҳанг ва ватандӯстӣ беҳтарин сипар бар зидди ифротгароӣ мебошанд. Ҷавонони азиз бояд дарк намоянд, ки роҳи созанда – роҳи дониш, меҳнат ва эҳтиром ба қонун аст. Танҳо дар ҳамин сурат онҳо метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ, хонаводаи худ ва Ватани худ бунёд намоянд.Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлњои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омӯхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шубаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
