Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути расонаҳои хабарӣ бохабарем , ки вақтҳои охир, яке аз роҳгумзадаи ифротӣ -Муҳаммадиқболи Садриддин, пойгоҳи ифротӣ бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”(Ислоҳ.нет) ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет”-ро таъсис дода, асосан дар канали YouTube- Ислоҳ.тv, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад ташкил намуда, ҳангомаю ҳарза, бӯҳтону иғво мебофад. Ин тоифаи гуруҳаки ифротӣ андеша ҳам намекунанд, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Зеро, ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтаанд. М.Садриддин, дар баромади навбатиаш, яъне санаи 15 феврали соли равон, боз бо шогирдону думравони фаъолаш, аз ҷумла Абдухалил Восиев, Муҳаммад Тағоев, Абдулло ва як қатор афрод бо

ному лақаби ғайриоддӣ, аз қабили “Шербачаи Ҷилликӯл”, “Ватсап”, “7+70”ва ғайра, ки имрӯз бештарашон дар кишварҳои Аврупо иқомат дошта, бо даъвоҳои беасосу пучу беъманӣ дар атрофи масоили сиёсати кишвар ва нисбат ба сокинони диёру фаъолияти маҳомоти маҳаллӣ ҳарзагўӣ карданд, ки ин амал ба мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, метавонад миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад. Ин гурӯҳаки роҳгумзада бо роҳи ифроткорӣ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Хотиррасон бояд кард, ки бо истифода аз номи халқ, шаҳр иғвову буҳтону иғвогарӣ, ба миллати мо хос нест.Умуман, М.Садриддин ва шогирдону думравони зикршуда, нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони соҳистиқлол имрӯз дар таҳлука афтодаанд. Бо ибораи дигар ба либоси М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ғайр аз тӯҳмату иғвогарӣ дигар коре надоранд. Ин гуруҳаки ифротӣ аз аввали фаъолияташон ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд. Воқеан, имрӯз кулли мардуми кишвар медонанд, ки М.Садриддин ва думравонаш кистанд ва чӣ ният доранд. Хуллас, имрӯз мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғи ифротиву ихтилофангези ин гурӯҳаки роҳгумзада комилан бовар намекунанд. Натиҷаҳои нохалафиву туҳмати пучу беасоси гурӯҳаки иғвогари роҳгумзадаи ифротӣ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Вазъияти баамаломада имруз талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва Истиқлоли кишвари азизамон, оромиву ободии Ватан ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки бадхоҳони давлату миллат, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаю иғвогарӣ нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд. Таъкидан гурӯҳаки роҳгумзадаи ифротиро ёдовар менамоем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи моро бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд. Аз ин рӯ, ба тамоми созмону ҳаракатҳои ифротӣ гуфтанием, ки роҳи шумоён роҳи тираву зулмот аст!
Дар фароварди изҳороти хеш қайд менамоем, ки ин ҳама навиштани андешаро мо аз рӯи ҳавову ҳавасе не, аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем, зеро ин худ неъмати Иллоҳиву бебаҳоест,ки мо миллати тоҷикро бо рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.
