Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ бохабарем, ки имрӯзҳо пайравони наҳзат, бо ибораи дигар навнаҳзатиҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон бо навбат баромадҳо менамоянд, назарсанҷӣ карда, ин гурӯҳаки беватани ифротиро шадидан маҳкум менамоем.
Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки маҳз истифодаи васеъи шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани афроди ифротӣ гардидааст. Ин гурӯҳаки ифротгаро, аз ҷумла яке аз роҳгумзадаи ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад,ки пойгоҳи ифротӣ “Исолоҳ.нет”-ро таъсис дода, мунтазам дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби

шогирдону думравонаш бо эродҳои бепоя суханбозӣ менамояд, ки он аз даъвоҳои пучу беъманӣ иборат аст. Майнааш олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Хуллас, нафақат наҳзатӣ, инчунин навнаҳзатиҳо низ ҳамон афроде мебошанд, ки ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост, бо ин баҳона кишвари моро зери танқид қарор медиҳанд. Таблиғотгароии ин тудаи навнаҳзати ифротӣ бори дигар нишон медиҳад, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд ва аслу ҳaдaфи наҳзату навнаҳзати фирорӣ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд. Ин гурӯҳаки ифротӣ арзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, бо таври худ тақдири тоҷиконро ҳал намоянд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, бархе ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллат барангезанд.
Аз масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб чораҳои қатъӣ андешем. Умуман,бар муқобили афроди тангназарони ифротӣ, бо ибори дигар наҳзат ва навнаҳзати Аврупоӣ – Муҳаммадиқболи Садридин ва думравонаш муборизаи беамон бояд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахш кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
