ИҒВОГАРИ ВАТАНГАДОИ ИФРОТӢ

Солҳои охир ҳаракату гурўҳҳое ба вуҷуд омадаанд, ки бо ҳар роҳу восита пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳкиру туҳмати шахсияти мансабдор, баробари ин, дастовардҳои истиқлолият нодида гирифта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Чунончи, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону

думравонаш мебошад, ки имрузҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш дар канали YouTube-Ислоҳ.тv (“Ислоҳ.нет.”), дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротии иғвоангезиро пеша намудааст.М.Садриддин ва шогирдону думравонаш то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда боз аз оғози соли равон, аз ҷумла дар ду ҳафтаи моҳи феврал санаҳои 04, 08,11 ва 15 бо ҷалби шогирдону думравонаш дар барномаи зикршуда баромадҳои ифротӣ намуд. Ҳар як фарди солимақл бе душворӣ дарк мекунад,ки тамоми мақолаҳои интишорнамуда, сабтҳои видеоӣ ва аудиоии М.Садриддин ва баромадҳои пайравонаш танҳо суханони беасос, бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Бешубҳа танҳо хусумати шахсӣ дорад, ки бар пояи манфиатҳои шахсӣ, иқтисодиву молиявӣ рабт дорад.М.Садриддин ва шогирдону думравонаш бо бегонапарастӣ, амали ноҷавонмардона ба эҳсосоти мардуми кишвар бозӣ карда, алфози бадро истифода намуда, нисбати миллати куҳанбунёду тозаҷавони мо беэҳтиромӣ менамоянд.
Имрӯз гуруҳҳаки иғвогари ватангадои ифротӣ аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, камбудиҳои ночизи кишвар, аз қабили масоили маҳдудияти барқ, фаъолияти роҳбарияти мақомотҳои давлатӣ мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, нисбат ба халқи куҳанбунёду тозаҷавони мо суханҳои қабеҳ мегӯянд.Хуллас, силсилатаҳлили ноқис, ва бепояи суханрониҳои М.Садриддин ва думравонаш бар зидди сиёсати пешгирифтаи кишварамон аст. Ҳар як фарди солимақл бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст, ки М.Садриддин ва думрави косалесонаш тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронду мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват мекунад.
Боварӣ ба мардуми бедор ва зираку ҳушёри кишварамон, махсусан ҳаммиллатону ҳамватанони берунмарзиамон дорем, ки боз ҳам тирӣ ин қабил бадхоҳони миллату давлат хок хоҳад хӯрд. Зеро ҳамеша ҳамватанони азизу маҳбуби мо, куҷое,ки набошанд, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, ба зиндагию кори худро идома дода, ба иғвоҳои тудаи ифротӣ фирефта нахоҳанд шуд.
Дар фароварди масоли матраҳгардида, ба ҳар шаҳрванди кишвар ва шаҳрвандони дар хориҷи мамлакат кору зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳаки иғвогари ифротӣ ва умуман бадхоҳони миллат, ки мехоҳад бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *