
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯз фазои бозории иттилоот дар ҳолати шадиди ҷаҳонишавӣ қарор гирифта, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҷавононро бештар ба ин гирдоб медарорад, ки оқибат қарқи нофаҳмиҳои сиёсӣ ва туъмаи ҳаракатҳои номатлуби ҷомеаи башарӣ мегарданд. Фазои иттилоот ва истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбӣ дорад. Ҷиҳати мусбиаш дар он аст, ки инсоният ҳар лаҳза метавонад аз навидҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода барад, маълумот пайдо кунад, китоб хонад, тарбия гирад, аз ахлоқи ҳамида бархурдор воқиф гардад, асли хешро донад ва дар фазои шадиди ҷаҳони сиёсӣ мавқеи худро муайян кунад. Аз асолати миллии хеш ҳифз кунад, маънавиёти худро қанӣ гардонад, муаррифгари фарҳанги миллии хеш дар арсаи ҷаҳон гардад.
Ҷиҳати манфӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар натиҷаи истифодаи нодурусти технологияи иттилоотӣ, метавонад ба фазои номатлуб ворид гардида, аз фазои озоди омӯзишу созандагӣ берун равад. Марҳилаи нави инкишофи ҷамъият, ки ба инқилоби илмию техникӣ ва коммуникатсионӣ такя менамояд, истифодаи нодурусти он инсонро ба манбаи ангезаҳои нодуруст мувоҷеҳ сохта, нобаробариҳои иҷтимоӣ, бекорӣ ва бегонашавиро афзоиш дода, ба маданият ва ҳуввияти миллӣ зарба мезанад ва боиси низоъ ва бархурдҳои фарҳангӣ мегардад. Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Ниҳоят зуҳуроти манфии глобалӣ аз қабили экстремизм, терроризм ва инчунин кибертерроризми байналмилалӣ фаъол гардида, дар шаклҳои ҷадиди таҳдидкунанда ба суботу авзои сиёсии кишварҳои мутараққии ҷаҳон мубаддал гардида, на танҳо барои кишварҳои абарқудрату пешрафта, балки барои боқимонда кишварҳо аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ хатари хеле калон дорад. Солҳои охир падидаҳои номатлуб, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва равияҳои динию мазҳабӣ бо амалҳои ношоиста ва кирдорҳои разилонаи худ, авзои сиёсии ҷаҳонро ноором намуда, ҳаёти осоиштаи мардуми оламро зери хатар гузошта истодаанд. Терроризм ва ифродгароӣ дар байни аҳли ҷомеа, бахусус, байни ҷавонон яке аз муаммоҳои асосии ҳаёти ҷомеъаи ҷаҳонӣ буда, дар натиҷа ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад.Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Бояд қайд кард, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Чунончи имрузҳо, яке аз ташкилоти экстремистиву террористӣ бо номи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ, ДОИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”мебошад, ки аз ҷониби ҷинояткорони байналмилалӣ барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис дода шудааст. Оғози фаъолияти муғризони “Давлати исломӣ” қаблан дар қаламрави Сурияву Ироқ ба мушоҳида мерасид. Имруз мубалиғони ДИИШ шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, алалхусус шаҳрвандони Осиёи Марказӣ-ро ҷалб намуда, ҷавононро гумроҳ намуда, сафҳои худро зиёд намуданашон ба назар мерасад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки санаи 8 апрели соли 2025 як шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Италия ба гумони ҷангҷӯйӣ ва узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дастгир карда шуд. Тибқи иттилои пулиси Италия дастгиршуда даҳ сол пеш ба ҷанг дар Сурия рафта, узви фаъоли ДИИШ будааст ва баъди ворид шудан аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум дастгир шудааст.
Хулоса, метавон қайд кард, ки терроризм ва экстремизм ин таҳдид ба амнияти ҷомеа аст. Барои аз байн бурдани чунин падидаҳои манфии ҷомеа дар ниҳоди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва дар заминаи он тарбия намудани ифтихори миллӣ, ки ватандӯстии ҳақиқатро ба вуҷуд меорад, амри зарурӣ аст. Шахсе, ки худшиносии миллӣ ва ифтихори миллии баланд дорад, бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти мухталифи интернет ва ё шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳонӣ гумроҳ гашта наметавонад. Ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем ва иттилооти ба дастовардаашро бо чашми дил таҳлил намоем. Бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Баробари ин, имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд ва аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсан хонанд.
Ф. МАМАДҶ ОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
