ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ХАТАРИ ГЛОБАЛИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Аз оғози асри нав то имрӯз яке аз зуҳуроти ниҳоят хатарнок- терроризм ва ифротгароӣ ба хатари бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба миён гузошт. Дар тули солҳои охир гўшаҳои гуногуни сайёра гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардида, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфт, ки оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор оварда, зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунёро ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор дод. Метавон зикр кард, ки дар шароити имрӯз терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини ифротгароии сиёсист, зеро амалиёти ифротӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд. Мушкилиҳои пешомада дар ин раванд аз он иборат мебошад, ки гурӯҳҳои ифротгар агар барои як кишвар муаммои мубрами ҳалталаб бошад, дар дигар давлат онҳо ҳамчун тарзу воситаи расидан ба ҳадафҳои ғаразнок ба ҳисоб рафта, аз ҳамин боис сарпарастӣ, гузашта аз он дастгирии молиявӣ меёбанд. Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.Чунончи мубалиғони яке аз созмони байнулмилалии тундрави исломгаро бо номи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ, ДОИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” , ташкилоти террористии “Ал-Қоида” шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, алалхусус шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварамонроо ҷалб намуда, ҷавононро гумроҳ намуда, сафҳои худро зиёд намуданашон ба назар мерасад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки ҷиҳати пешгирии ин ҳолати номатлуб аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар корҳои назарас ба сомон расонида шудаанд, ки дар натиҷаи самаранок ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххаси саривақтӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 241 террористу ифротгаро боздошт шуданд. Дар миёни боздоштшудаҳо аъзои “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Салафия” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд.
Хулоса, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

М.МАМАДҶ ОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *