ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба баромади иғвогари ифротӣ- М.Садриддин дар канали YouTube Ислоҳ.тv -“Ислоҳ.нет.” (аз 14 ноябри соли 2025)

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳо оид ба фаъолияти муғризонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки созмони ифротӣ бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-ро ба уҳда гирифта, тавассути канали YouTube Ислоҳ.тv – “Ислоҳ.нет. дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ровигӣ намуда, баромадҳои ифротӣ менамояд, борҳо андешаҳоямонро иброз намуда, онро шадидан маҳкум намуда будем. Ин навбат низ баромади навбатии афроди ифротӣ, ки санаи 14 ноябри соли равон тавассути каналу барномаи дар боло зикршуда баромад намуд, ибрози андешаи хешро иброз менамоем.

М.Садриддин боз ҷалби яке аз думрави фаъолаш, амиқтараш Муҳаммад Тағоев”

ва як қатор афроди бо лақаби ғайриоддӣ, аз ҷумла “7+70 “, “Ватан 666”, “Кӯлобӣ” ва зане бо лақаби”Ватсап” баромад намуда, тўтивор бар зидди ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии мо санги маломат зада, бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол шикоят намуданд. Ин гуруҳаки ифротӣ дар ҷараёни баромадашон чун обу ҳаво суханрониашонро тағйир дода, оид ба масоили бонку маҳдудияти барқ, таҷлили ҷашни “Рузи Конститутсия”, қазияи сӯхтори бозори “Панҷакент”-и ш. Панҷакент ва нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишварҳои Русияву Қазоқистон андешаи носолими худро баён доштанд,ки он ба ягон қолиб намеғунҷаду ба ақли солим ҳам рост намеояд. Ба андешаи мо ҳар фард бояд нисбат ба миллату давлат ва роҳабарияти олии сатҳи ҷаҳонӣ, эътибори махсус равона карда, андеша намояд. Вобаста ин, ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест!
Хулоса, баромадҳои гумроҳони ифротӣ бори дигар собит мекунад,
баромади ифротии М.Садриддин ва думравонаш шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ин қабили ҳасудхӯрони ифротӣ аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.
Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсия дар фароварди изҳороти навбатии хеш баромадҳои ифротии М.Садриддину думравонаш, умуман нотавонбинони давлату миллатро шадидан маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, алалхусус ба муҳоҷирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳаки роҳгумзадаи ифротӣ, ки мехоҳад бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *