Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳоротҳои хеш нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли наҳзат, роҳбари созмони бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-ро ба ухда дорад, андешаҳои хешро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатии М.Садриддин ва думрвонаш, ки санаи 31 октябри соли 2025, тавассути канали YouTube-“Ислоҳ.нет.”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”баромад намудааст, сараввал онро шадидан маҳкум менамоем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки М.Садриддин зимни баромади навбатиаш бо ҷалби яке аз думраваш зане бо лақаби “Ҷаррос” дар барномаи зикршуда

марбут ба масоили авфи зиндониён аз воқеяти ҳол хеле дур суханҳои носолими худро иброз намуд. Имрўз фаъолияти гуруҳаки иғвоари ифротӣ дар хориҷи кишвар аз дунёи маҷозии интернет истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқату адолатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд. Яъне, ду-се фирории ватангадову саргардон, ки дар боло мо зикр кардем, миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд.. Нафарони пастфитрату бефарҳанг-М.Садридин ва думравонаш наметавонанд мафкура ва тафаккури мардуми бофарҳанги миллати тоҷикро дигаргун созанд. Чунки тамоми мардуми ҷаҳон, хусусан табақаи солимақлу соҳибфикр аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, пешбурди иқтисодиёт, муносибатҳои муваффақи дипломатӣ, иқдомҳои наҷибонаи табиатдӯстӣ дар истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории мамлакат ҳаёти орому осуда мегӯянду меомӯзанд.
Дар фароварди изҳороти хеш қайд менамоем, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори туҳматчиёни иғвогар андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки гуруҳаки ифротии иғвогар – Муҳаммадиқбол ва думравонаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани носолим гӯянд.
