Ман тибқи Барномаи Эрасмус Мундус ҳамкориҳои Авру-Осиё (EM Euro-Asian CEA, action 2) барои таҷрибаомӯзӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишгоҳи Ҳумболди шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ғолиби грант ба муддати 1 моҳ аз рўи бахши Academic staff гашта, санаи 3-уми январи соли 2017 ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба шаҳри Берлин сафар намудам. Баъд аз расидан ба ҷои истиқомат, санаи 4-уми январ бо роҳбари илмиам Профессор Андреас Фелдкелле ва координатори барномаи Эрасмус Мундус дар Донишгоҳи Ҳумболд Матиас Парске вохӯрдам.
Координатори барномаи Эрасмус Мундус Матиас Парске дар Донишгоҳи Ҳумболд
Сипас санаи 10-уми январ бо роҳбари кори илмии худ, профессор Андреас Фелдкелле вохӯрда, оид ба мавзӯи кори илмиам «Тарбияи таҳаммулпазирӣ бо воситаи муҳокимаи байнизабонӣ ва байнифарҳангӣ» сӯҳбат анҷом додам.
Роҳбари илмиву коромўзии ман, профессор Андреас Фелдткелле
Дар ин вохӯри устод Андреас Фелдткелле ба ман барои дастрас кардани адабиётҳо ва барои иштирок намуданам ба дарсҳо тавсиянома пешниҳод кард. Китобхонаи марказии Донишгоҳи Ҳумболд яке аз китобхонаҳои машҳури дунё ба ҳисоб меравад. Дар он ҷо ман бисёр маводҳоро пайдо намудам, ки барои навиштани мақолаи илмиам лозим буданд.
Китобхонаи марказии Донишгоҳи Ҳумболд
Ман барои омӯхтани услуб ва тарзи таълими забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи Ҳумболд, ба факултаи забонҳои осиёи марказӣ ва африқоӣ ташриф овардам. Дар он ҷо ман бо профессорон омӯзгори фани забони форсӣ, Томас Лой, омӯзгори забони англисӣ Девид Болковски ва омӯзгори фани забони олмонӣ, профессор Мансур вохӯрда, дар дарсҳои онҳо иштирок кардам.
Ҳамин тариқ, пас аз ба итмом расидани мӯҳлати барнома санаи 2-уми феврали соли равон ман аз фурудгоҳи Тегели шаҳри Берлин ба самти Москва ва сипас ба Хуҷанд баргаштам. Умедворам, ки таҷрибаи дар Донишгоҳи Ҳумболди шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон андӯхтаи худро дар фаъолияти омӯзгории худ васеъ истифода мебарам.
Раҳимов Э. Э., муаллими калони кафедраи
забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ