Ба ҳамагон маълум аст, дар давраи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19″, санаи 7 июли соли равон Муҳаммадиқболи Садриддин аз бешарафии худ шарм надошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”ба ҷои тасаллӣ додани мардуми муҳоҷир, баръкас бо васвасаи шайтонии навбатиаш оид ба муаммоҳои муҳоҷирон баромад намуда, бо ин роҳ нисбати фаъолияти қаблии баъзе роҳбарони давлату ҳуқумат ва мақомоти қудратӣ бе ягон асос ғайбату тӯҳмат намуд.
Муҳамадиқболи Садриддин дониста бошад, ки мардуми боору номуси кишвар аз мақсади ҳизбу равияҳо, бахусус ТТЭ ҲНИ огаҳ гардида, дар муқобили инсонҳои тангназарону ватанфурӯши бешараф, муборизаи беамон бурда истодааст. Бо баробанри ин таъкидан ба Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиаш номи кишвари соҳибистиқлоли моро ба забон наорад! Чунки ӯ ватанфурӯшу бешараф ҳаст, ки аз намоиши кисми 7-уми Бешарафӣ филми мустанади “Хиёнат” рафтори бешарафии Муҳммадиқболи САдриддин бо далелҳои раднашаванда аз ҷониби кумондонҳои ифротии афғонӣ аёну тасдиқ шудааст. Хулоса, мо маводҳои ифротии пешниҳоднамудаи сомонаи “Ислоҳ нет” ва ҳамаи суханҳои Муҳаммадиқболи Садриддини бешарафро маҳкум менамоем!
ВАЛИЕВ А.,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ