
Мушоҳидаву таҳлиҳои солҳои охир собит менамоянд, ки як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, аз ҷумла ҳамммаслаку пайравони наҳзат пас аз фош шудани фаъолияти муғризонааш, оқибат дар кишварҳои Аврупо фирорию саргардонанд ва то ҳол хулосаи зарурӣ набароварда, имрузҳо, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ намоишкорона бо туҳматбофиҳои худ баромадҳо намуда, мақсад доранд нооромиро дар ватани орому осудаи мо ба миён биёваранд. Дар робита ба ин, мисол меорем, яке аз пайрави паймони худсохтаи наҳзат, Муҳмадмиқболи Садридддин бо ҷалби думравонаш дар давоми соли 2025 дар канали YouTube – “Ислоҳ.нет.”(Ислоҳ.ТV), дар барномаи “Минбари муҳоҷир, дигаре Беҳрузи Тағойзода, аъзои фаъоли ҳаракати мамнуъ дар кишвар -“Гурӯҳи 24”, дар

барномаи “Садои мардум” ровигиро ба ӯҳда гирифта, пайваста зимни баромадҳои ифротӣ мехоҳанд нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд ва ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Ин туҳматбофони иғвогари ифротӣ боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд. Вале, ин гуруҳаки иғвогари ифротӣ, бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин аблаҳони гумроҳи туҳматбофи иғвогар, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол фикру андешаи солим дорем ва аз таърихи навини кишвари хеш бохабар ҳастем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
