ТТЭ ҲНИ – ИҒВОГАРУ ТАФРИҚААНДОЗ!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тасаввури бархе афрод ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дорад. Умуман, ашхосе, ки саводи дурусти дини надорад, бештар ба гуруҳҳои ифротӣ  шомил шуда, ба дом афтоданашон сараввал эҳсос намекунанду оқибат пушаймон мешаванд. Ин гуна ҳолат аз солҳои 90-ум то имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки бештари ҷавонони гумроҳшуда ба фиребу найранги раҳбарияту аъзоёни ҲНИ, ки мо онро чун ТТЭ ҲНИ мешиносем, дода шуда, оқибат аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум мегарданд. Мо зимни андешаҳои хеш нисбати раҳбарияту пайравони  ТТЭ ҲНИ бо мисолҳои амиқ шарҳу эзоҳ дода будем.

Воқеан, вақт довар аст ва таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта, бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоиашонро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Ин падидаро  раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар ҷаҳони ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои мусулмон маънидод мекунанд, вале ин аз воқеъият хело дур аст. Асосан Кабирӣ ва ҳамммаслаки фаъолаш М.Садриддин бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди давлату миллати тоҷик мубориза мебаранд. Воқеан ин гуруҳи бадхоҳ имрӯз  бо пуштибонии  хоҷагони худ дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанду барои амали намудани нақшаҳои муғризонаи худ, то ҳоло даст накашидаанд. Имрӯз бошад номи ҳизби ифротиашро “Паймони миллӣ…”ном гузошта, бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоён мешаванд ва аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, ки рангу пӯсташро иваз намудааст. Аслан ин ҳизб барои дини мубини Ислом бегона аст. Имрӯзҳо раҳбараи ҳизби зикршуда М.Кабирӣ ва ҳаммаслаки фаъолаш Муҳамадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат баромад намуда, корашон фақат иғвогарӣ, тафриқаандозӣ байни мардум аст. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хулоса, мақсади навбатии раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ –и ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Имрӯз моро лозим аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳони миллат дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *