ТЭТ ҲНИ ва хатари он ба ҷамъият

 

Баъд аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар раванди он пас аз чанд муддат Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис дода шуд, дар арафаи оғози соҳибистиқлолӣ ба сатҳи иҷтимоӣ–иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Марҳалаи барқарорсозии мамлакати ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузариш ба шаклҳои ҷадиди қонунгузорӣ дар вазъиятҳои мураккаби ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт ва маъмулист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба дигаргуншавии хусусият ва сифати он ба низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиёти ҷомеа таъсир гузоштааст.

Бо асбоби маълум гурӯҳҳои муташаккил ҷинояткор бо нерӯҳои сиёсӣ дохилшуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳоии қтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назар мегирифтанд. Гузашта аз ин, дар солҳои даргириҳои муқовимати шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткорон афтод, ки онҳо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бар зидди сохти давлатдорӣ нисбат ба мардуми осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ ва ҳарактҳои террористӣ содир мекарданд. Аз сабаб таҳлилҳо, то имрӯз гаравиданиҷавонони гумроҳ ба ҳаракатҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ ба мушоҳида мерасад. Алҳол ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» «Давлати исломӣ» ва «Ҳизби наҳзати ислом», ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд.

Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст.

Мо нағз медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурҳу ҳаракатҳои ифротгароён ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдахои пуч ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халк, муҳимтар аз ҳама тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд. ТЭТ ҲНИ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар оғози фаъолият ин ҳизб таваҷҷуҳи мардумро бо рафтори номатлуби хеш на он қадар ҷалб карда буд, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопок аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.

Мардуми шарифи Точикистон шукрона аз соҳибистиқлолии Ватан намуда фаризаҳои дини мубини исломро дар зиёда аз чор ҳазор масҷидҳое, ки дарашон ба рӯи онҳо боз аст ба ҷо оварда истодаанд. Аммо роҳе, ки душманони миллат махсусан ташкилоти экстремисти террориристии ҲНИ интихоб карда аст роҳе мебошад, ки мардумро ба зулмат мекашад. Зеро ки сиёсате, ки онҳо таблиғ мекунанд сиёсати зӯроварист, ифротгароист, ки дини мубини ислом онро маҳкум мекунад. Мардуми бо нангу номуси тоҷик дар тули таърих бо ин гуна ҳаракатҳои ифротӣ зиёд мубориза намуда, пируз гаштааст. Минбаъд низ бо боварии қавӣ метавон гуфт, ки бобадхоҳони хеш метавонад мубориза барад.

М. Абдураҳмонов,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *