ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ –ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Пӯшида нест, ки имрӯз терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дини мубини Ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом сӯиистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибононӣ ва бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.Дар робита ба ин, бояд қайд кард,ки созмону ҳаракат ва гурӯҳҳову равияҳои зерин, аз қабили  ДИИШ, Ал-Қоида ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Масалан ДИИШ, Ал-Қоида, “Ҷамоати Ансурлоҳ” ва дигар равияҳои ифротӣ аз вазъияти кунунии  Афғонистон истифорда бурда,  афзои ин кишварро мураккабтар намудаанд ва солҳои охир  дар ҳудуди кишвари ҳамсояамон  бештар амалҳои террористӣ содир шудааст. Баробари ин, бояд қайд кард,ки гуруҳҳои пароканда, алалхусус ДИИШ на танҳо дар Афғонистон, инчунин дар кишварҳои Африко ва ҳам акнун дар Эрон аз худ дарак дода исодаанд. Барои тасдиқи  ин гуфтаҳо мисол меорем, ки 3 январи соли 2024 ду ҳамлагари маргталаб, ки дар маросими ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон амали террористӣ анҷом доданд.Дар натиҷаи таркиш ҳудуди 103 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмӣ гирифтанд. Бояд қайд кард, ки масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии ДИИШ ба уҳдаи худ гирифтааст. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан низ 26 октябри соли 2023 як маргталаби ДИИШ дар масҷиди “Шоҳи Чароғ”амали террористӣ анҷом дода буд. Умуман, ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд

Дар атрофи ин масоили мубрами рӯз то имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб -терроризм ва экстремизм дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.

Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

М. МАМАДҶОНОВА,

устоди   ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *