«Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон
Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ва ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи сайёра нишонаҳояш ба назар мерасад. Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷомеашиносони кишвар масъала гузоштанд, ки барои тарғиби андеша ва ғояҳои миллӣ, таҳкими масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Воқеан, дар шароити имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравию Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегарданд. Ошноӣ бо ҷаҳонбинӣ ва бунёди мафкуравӣ, инчунин усулҳои муборизаи ин гурӯҳҳо зарурати омӯзиш ва мавриди таамул мебошанд, зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеаро метавонад, ба муаммои сарбаста рӯбарӯ карда, боиси хараҷу мараҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шавад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид, ки бесабаб нест. Зеро чунончи қайд гадид, «дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест». Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад, мафкураи миллӣ ва заковати азалии худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавзеҳи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, терроризм ва ифротгароӣ ва бахусус пешгирии фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон кӯшиш намоем.
Маҷидова М.Н. –
ассистенти кафедраи молия ва қарз