
Мусаллам аст, ки солҳои охир мавҷи бесобиқаи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба миён гузошт. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз проблемаи асосии ҷаҳони муосиршинохта шуда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад.Аз ин лиҳоз, яке аз муаммоҳои ҳалталаб роҷеъ ба масъала мавриди таҳлил, ин шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро мебошад. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии динӣ ва, ҳамчунин, дунявӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст. Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандонба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 дар кишвар 1494 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст. Аз рақами оморӣ хулоса бароварда, қайд кардан зарур аст, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида, дар ҷустуҷӯи омӯзишу, ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии кишвари соҳибистиқлоламон азиз поягузор бошанд. Воқеан, Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди террроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.
Дар фароварди андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омўхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши
ҷавонони ДИС ДДТТ
