Ташрифи Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ба донишкада

 

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат  дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ҷиҳати иштирок дар Шӯрои ректорон ва ҷашни 10-солагии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф овард.

Директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ректори донишгоҳро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот перомуни вазъи таълиму тарбия, омода кардани мутахассисони соҳибистеъдод, мубодилаи устодону донишҷӯён ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози андеша намуданд.

Сипас ба мақсади шиносоӣ ба вазъи таълиму тарбия, рафти баргузории имтиҳонҳои ҷорӣ ва ҳолати моддию техникии донишкада ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба синфхонаҳои таълимӣ, маркази таълими сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ доир намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *