ТАШКИЛИ ЭКСКУРСИЯИ ШИНОСОӢ ДАР ҶДММ “ҶАДИД”

    Санаи 28 ноябри соли 2024 мувофиқи нақша чорабиноҳои шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолот, инчунин ба роҳ мондани таҳсилоти дуалии фанҳои марбутаи кафедраи менеҷмент ва маркетинг, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои менеҷмент ва идораи давлатии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ бо ҳамроҳии устодон ба ҶДММ “Ҷадид” барои шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии ширкати мазкур ташриф оварданд.

Донишҷӯён ва устодонро директори молиявии ширкат Афзалхон Азаматов ва менеҷер оид ба истеҳсолот Латипова Шаҳло бо таърихи таъсисёбӣ, самтҳои фаъолияти ширкат ва сехҳои истеҳсолӣ шинос намуданд.
Ширкати номбурда санаи 9 сентябри соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Ширкати мазкурро соҳибкори ватанӣ Исоматдинов Саидамон Афзалович роҳбарӣ мекунад, он ба гуруҳи корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ машғул мебошад, ширкат бо духтани либосҳои гуногун ва содироти он ба кишварҳои дуру наздик машғул аст.
Мақсад аз ташрифи донишҷӯён ба ширкати мазкур омӯзиши ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, фаъолияти тиҷоратӣ ва ташкили менеҷмент мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *