ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Ё ҚАБРИСТОНИ АҶДОДӢ!

         Дар ҳамаи давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеъа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихи давлатдориро таҳким бахшанд.

         Таърих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ, хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, наҷот бахшидани кишвар аз қашоқию камбизоатӣ, ба даст овардани сулҳу оштӣ, барқарор намудани институтҳои демократӣ, таъмини  ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, эътирофи давлатидории тоҷикон аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо як матонату ҷасороати нотакрор саъю талош варзиданд.

         Дар давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ бо шарофати хираду истеъдод ва роҳбарию ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан рушду такомули маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои сокинони кишвар, волоияти қонун ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ омаданд.

         Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар лаҳзаву ҳар соат аз афзудани корномаҳои созандаву бунёдкорона башорат медиҳад, ки ин дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бо шарофати талошу хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро насиб гардидааст.

         Имрӯз бо эътимод метавон иброз намуд, ки дар зарфи 31 сол падидаву омилҳои таърихӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии миллӣ дар давраҳои гуногуни мардумамон омӯхта шуда, бо назардошти таҷрибаи давлатдории мамлакатҳои пешрафта роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш гирифта шуд.

         Бояд тазаккур дод, ки ҳолатҳои ба чунин пешравиҳои назаррас ноил шудани мардуми тоҷик ба бархе аз “дӯстон”-и мо маъқул нест. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии  ҳаргуна низоъҳо дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо боиси васеътару тӯлонитар шудани буҳронҳо мегардад.

         Дар ин робита шарҳи коршиносӣ ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон басо муҳим аст, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо онро ба ҷо овардааст, барои доштани ин навиштаҷот барои ташаккули руҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеъи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам меорад.

         Чи хеле, ки коршинос қайд менамояд мақсади асосии ин навиштаи таҳлилӣ дар он аст, ки бо санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад.

Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод). Дар санадҳои расмӣ ин заминҳо ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд; ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҷамоати Хистеварз), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Таърих гувоҳ аст, канали калони Хистеварз барои обёрии заминҳои ташналаб ва аз мавзеи Хоҷабоқирғони деҳаи Хистеварз аз болои роҳи Хуҷанд – Исфара канали дигаре кофта шудааст, ки истиқоматкуқнандагони ин мавзеъ аз обаш баҳра мебардоранд ва то ҳоло фаъолият дорад.

Махсус таъкид бояд намуд, ки дар болои шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара қабристони аҷдодие, ки бо номи Оромгоҳи “Дашт” солҳои зиёде ин ҷониб амал мекунад, гузаштагони мардуми деҳа дар он ба хок супорида шудаанд.

Ё ин, ки ҷӯйи калони “Мирпочо-полвон”, ки хистеварзиён солҳои пеш кушода буданду заминҳои собиқ хоҷагии ба номи Д.Азизов ва Тоҷикистонро обёрӣ мекарданд дар “ҳудуд”-и Ҷумҳурии Қирғизистон мондааст.

Мо бо овардани ин мисолҳо ният дорем, ки мардуми Тоҷикистон аз хусуси заминҳои ҳуқуқии мардуми Хистеварз маълумоти мушаххас дошта бошанд.

Ин мавқеъдориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон собит месозанд, ки ҳамкории дӯстонаю дуҷонибаи ин ду халқи ҳамсарҳад ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар тақвияти огоҳӣ ва зарфияти ҷомеа дар ин самт, пажӯҳиши мухтасаре дар боби асосҳои таърихӣ ва ҳуқуқии ин ихтилоф ва моҳияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷониби Тоҷикистон барои асосноккунии мавқеи худ дар ин баҳс аз тарафи коршинос пешкаш гардидааст, ки мо ҷавонон ва мардуми кишварро барои боз ҳам баланд бардоштани ватандӯстӣ ва огаҳи пайдо намудан аз асли кор бо нишондоди санадҳои аниқу дақиқ ва огаҳи пайдо намудан аз он мебошад.

Дар ҳақиқат мо имруз ҷаҳду талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамалкатро дар роҳи осоишта ҳал намудани масъалаҳои марзиро эҳсос менамоем. Бо истиқлоли давлатӣ ёфтани Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз соли 1991 баҳси сарҳадӣ низ ба марҳилаи комилан нави худ ворид шуд. Акнун ду ҷониб ҳамчун кишварҳои мустақил бояд хатти сарҳадии худро ҳамчун сарҳади миёни ду давлати мустақил муайян ва эътироф мекарданд. Ду кишвар истиқлол ва ягонагии ҳудудии ҳамдигарро ба таври расмӣ эътироф намуда, шартномаи дӯстӣ ва даҳҳо санадҳои дигари дӯстиву ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Аммо ҳам ихтилофи амалӣ ва ҳам баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду ҷониб дар марҳилаи нав низ идома ёфта, ҷиддитару печидатар шуд.

 Мо бояд ба қадри заҳматҳои созанда, қаҳрамонию фидокорӣ, дӯстдории Ватану халқ ва мактаби бузурги роҳбарии Пешвои муаззами миллати худ бирасем ва шукргузор аз он бошем, ки чунин як марди худодод, инсони наҷиб ва дар ҳақиқат Қаҳрамони миллат имрӯз сарвару раҳнамои мо ҳастанд.

Хулосаи калом, ба қавли коршинос оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавриди баҳси марзӣ адолат бояд ғолиб ояд, ки мо ҷавонони Тоҷикистон ҳамақидаи ин олим ҳастем.

ҲАКИМЗОДА М. М.,

 декани факултети молия ва баҳисобгирии

бухгалтерии ДИС ДДТТ   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *