Тантанаҳои идона дар ДИС ДДТТ

Дар ДИС ДДТТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 25-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии идона баргузор гардид.
Дар саҳни даромадгоҳи донишкада бо иштироки ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Б. Ғафуров ва кафедраҳои муассиса намоиши ҳунарҳои мардумӣ – кашидадӯзиву гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, бофандагӣ, рӯймолдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, мисгариву кулолгарӣ, сару либоси қадимаи миллӣ ва ғайра ҳунарҳои дастӣ ба тамошо гузошта шуданд.

Намоишгоҳ бахшида ба Соли Рушди Сайёҳи ва Ҳунарҳои миллӣ
Намоишгоҳ бахшида ба Соли Рушди Сайёҳи ва Ҳунарҳои миллӣ

Намоишро директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода бо ҳамроҳии меҳмонони олиқадр: собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шуҷоат Ҳасанова, аъзои Шӯрои занони кумитаи занони вилояти Суғд, директори мактаби «Гулчини маърифат» Матлуба Мӯминова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» Мукаррама Негматова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимова, полковники эҳтиётӣ, собиқадори қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Шариф Азизов, муовини комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, подполковник Бобоҷон Юлдошев ва дигарон, аз назар гузарониданд.

ҳунарҳои миллӣ
Ҳунарҳои миллӣ

Сипас, дар толори асосии донишкада бо иштироки ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона, ки аз ҷониби донишҷӯёни курсҳои аввал таҳия шуда буд, баргузор гардид.
Чорабиниро директори донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Р. Л. ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо ин санаи муборак муборакбод намуд. Полковники эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ Шариф Азизов суханронӣ карда, саҳми Артиши миллиро дар таъмини суботи амнияти Тоҷикистон хеле назаррас маънидод намуд. Мавсуф ҳамагонро бо таҷлили ҷашни 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуда, тинҷиву ороми ва сулҳу суботро дар мамлакат таманно кард.
Суруду рақсҳои ҷолиб, шеъру саҳнаҳои дилангез, ки донишҷӯён ба ин муносибат омода карда буданд, ба ҳамагон фазои идона бахшид.
Ҳамин тариқ, чорабиниҳо бо қубҳу шукӯҳи идона таҷлил гардида, бо хотираҳои нек анҷом пазируфтанд.

Каёнуш КАЛОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *