ТАДБИРИ МУҲИМ БАҲРИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ, ТЕРОРИЗМ ВА КИБЕРҶИНОЯТҲО

Мушоҳидаву таҳлили ҳодисаву равандҳои сиёсии солҳои охири ҷомеаи муосир собит менамояд, ки аксари ҷангу низоъҳои дар ин ё он давлат рухдода маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд. Бинобар ин, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо арзёбӣ мешавад. Чунки давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфитҷӯй, аз ҷумла ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ аз воситаҳои ахбори омма, алалхусус шабакаҳои интернетро васеъ истифода намуда, бо ин васила ба ташаккул ва тафаккури инсонҳо таъсир мерасонанд. Масалан имрӯзҳо паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..”, “Гурӯҳи-24” ва дигар равияҳои манфиатхоҳ барои амали намудани амалҳои ғаразнокашон аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода бурда, ҷанги иттилоотиро ба роҳ мондаанд. Бо ин васила ба “мағзшӯи”-и ҷавонон машғул буда, баъзе аз ҷавонони моро гумроҳ намудан кӯшиш доранд. Бинобар ин, ҳузури созмонҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари ҷиддиро барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Маҳз, бо назардошти чунин ҳолат давлатҳои миллӣ дар шароити кунунӣ ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва дар маҷмуъ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа таваҷҷуҳи бештарро равона намудаанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ба хотири пешгирии хатару таҳдиди созмонҳои ифротиву террористӣ тадбирҳои муҳим аз ҷониби давлат амалӣ гардида истодаанд. Масалан, яке аз тадбирҳо таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ мебошад, ки ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2022 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд. Ташаббусии навбатии Сарвари кишвар оид ба таъсиси чунин як ниҳод дар шароити имрӯза амали саривақтист, ки хатару таҳдидҳои иттилоотиро танҳо бо роҳи пешбурди муборизаи самаранок метавон пешгирӣ ва бартараф сохт. Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки санаи 13 декабри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷойгир гардидааст. Маркази мазкур, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои танзими фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд. Дар марказ 40 нафар кормандони соҳибтахассус, асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд. Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо машғул мешаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар, таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ имкон фароҳам меорад, ки хатарҳои эҳтимолии дар фазои маҷозӣ ба вуҷудоянда пешгирӣ ва таъсири манфии таҳдидҳои воқеӣ бартараф карда шаванд.

М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *